Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, тамоми хизматчиёни ҳарбиро бо фарорасии 32-умин солгарди “Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” табрику муборакбод менамояд.
Аз фурсати муносиб ба ҳар яки Шумоён ҳомиёни Ватан, тансиҳатӣ, умри дарози содиқона, хизмати сарбаландона ба Ватани маҳбуб ва ҳимояи сарзамини аҷдодӣ дар фаъолияти хизматиатон бурдбориҳои нек таманно дорем.
Гуфтан ба маврид аст, ки таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи истиқлол буда, дар шароити ҳассос ташкил ёфтааст, ки дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷикон дастовардҳои беназири истиқлол ба шумор меравад. Дар тӯли солҳои сипаришуда ба мактаби ҷасорату далерӣ табдил ёфта, садҳо ҷавонони бонангу номуси Ватан, ҳимоятгару мардонагиро тарбият намудааст.
Ин дастовардҳо баҳри оромиву тинҷӣ, осмони софу беғубор бо тавассути сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омада, бори дигар аз қувваҳои тавоноӣ ва қудрати азалии мардуми тоҷикон гувоҳӣ медиҳад.
Зикр намуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили амният, сулҳу суботи кишвари маҳбубамон ва пойдории истиқлоли Ватани азизамон мебошад.
Бори дигар ба ифтихори фарорасии “ Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” , сидқан табрику муборакбод гуфта, дар иҷрои рисолати хеш, барои ҳифзи Модар- Ватан ва дифои манфиатҳои давлату миллат ҳамеша комёбу муваффақ бимонед.
Рӯзи Артиши миллӣ муборак, ҳамватанони азиз !