Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Баргузории ҳашари ободонӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Имрӯз бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва бо бедоршавии табиат тасмим гирифта шуд, ки дар гирду атрофи Хона - музейи ба номи Камоли Хуҷандии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.

Дар доираи баргузории ҳашари дастаҷамъона бо ташаббуси роҳбарияти Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд, бо сарварии омӯзгор  Холматов Мақсудҷон, зиёда аз 20 нафар донишҷӯёни муассилини мазкур, баҳри тозаву обод намудан, баланд бардоштани маърифати муҳити зист саҳми муносиб  гузоштанд.

Дар ин замина тозаву озода намудани майдончаҳои полезии Чорбоғи хона - Камол, бартараф намудани партовҳои изофагӣ, побел ва нарм намудани заминҳои корам, тоза намудан аз алафҳои бегона,  ҷӯйборҳои обгузар ва ба тартиб даровардани роҳравҳо,  ҳашари ободонӣ ҷараён гирифт.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин иқдоми нек имконият медиҳад, ки ҳашарчиён баҳри руҳияи ватандӯстӣ ҷиҳати ободу хуррам гардонидани муҳити экология дастаҷамъона заҳмат кашида ба ин васила баланд бардоштани маърифати муҳити зист саҳми муносиб мегузоранд, ки дигаргуниҳои куллӣ дар табиат ба миён омад.

Мусаллам аст, ки ин тадбирҳои ободониро агар аз як ҷиҳат ба хотири тозаву озода намудани гирду атроф бошад ва аз ҷониби дигар баҳри  таъмини фароҳам овардани муҳити зисти экологӣ  мусоидат хоҳад кард.

Валӣ Набиев
котиби иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБаргузории ҳашари ободонӣ
Scroll to Top