Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳанд, ки қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон ҳанӯз дар замонҳои қадим сипоҳи машқдида доштаанд ва аз тарзу усулҳои пешбурди амалиёти ҷангӣ бархурдор будаанд.
Дар давраи ҳукумронии сулолаи Ҳахоманишиҳо, ки тамоми қавмҳои эронинажодро муттаҳид мекард, артиши доимамалкунанда созмон дода шуда буд, ки асоси онро дастаи шоҳӣ ташкил медод. Дар давраҳои минбадаи таърихӣ низ ба артиш таваҷҷӯҳ бештар дода мешуд.
Давлати бузурги Сомониён, ки замони ба авҷи шукӯҳу шаҳомат расидани давлату давлатдории тоҷикон ҳисоб меравад, бо воситаи девони Соҳиб-уш шурот идора карда мешуд.
Маҳз ҳамин мероси пурғановати санъати ҳарбии ниёгон имкон дод, ки Артиши миллӣ ва дигар рукнҳои давлатдорӣ таъсис дода шуда, дар як муддати кӯтоҳ фаъолияти муназзами онҳо таъмин карда шуванд.
То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се навъи асосӣ:Қӯшунҳои хушкигард, Қуваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд. ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамояд. Аз ҷумлаи онҳо Литсеи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки камендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ мебошад, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои зиёдеро амалӣ менамоянд. Пӯшида нест, ки дар иртибот ба таҳкиму пуриқтидор шудани Артиши миллӣ хидматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Зеро ба ҳамагон маълум, ки артиш ё Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар чӣ шароите ба майдони ҳастӣ омада, давраҳои сахту сангинро паси сар кардааст. Артиши миллӣ аз ҷузъу томҳои парешон, таркиб ёфта бошад ҳам тавонист дар як муддати кӯтоҳ муваффақ шавад. Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани як қатор қонунҳои марбутаи соҳа, назири қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо” ба таҳкими фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ мусоидат карданд.
Бояд зикр кард, ки хизмат дар Артиши миллӣ натанҳо ҷои адо кардани қарзи фарзандӣ, ҳамчунин мактаби камолоти инсонӣ ва шуҷоати мардонагӣ ба ҳисоб меравад. Маҳс дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт - дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро азхуд менамоянд. Дарвоқеъ зарур аст, ки ҷавонони мо дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия ёфта, корнамоиҳои далерони гузаштаи худ, ба монанди Фрада, Спитамен, Деваштич, Темурмалик, Восеъ, Шерак, Маҳмуди Таборӣ ва дигаронро, ки барои ҳифзи Ватан, марзу буми аҷдодӣ аз ҳуҷуми аҷнабиён корнамоиҳо намудаанд, омӯзанд ва бо ифтихор ба забон оранд. Ҷасорату матонат, қаҳрамониҳои бемисли фарзандони боору номуси тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муқобили фашистони хунхор ва достони зиндагии онҳо имрӯз барои насли наврас намунаи волои дарси ватандӯстӣ, ҳифзи истиқлолу озодӣ ва хоки муқаддаси Ватан ба ҳисоб меравад.
Мо бояд қаҳрамониву фидокориҳои ҷанговарони байналмиллал ва муҳофизони сохтори конститутсиониро низ фаромӯш насозем. Зеро саҳми онҳо барои сулҳу субот ва ҳаёти осоишта хело бузург аст.
Дар таърихи муосири Тоҷикистон Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ, дар баробари Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи қабули Конститутсия ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯйдоди муҳиму сарнавиштсозу дастоварди нодир ба ҳисоб рафта, санаи 23 феврал таҷлил гардидани он таърих ва асосҳои воқеии худро дорад.
Дар паёми навбатии худ Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо шароити хуби хизмат, инчунин риояи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад.
Ин нуқтаҳо моро водор месозад, ки ҳамеша барои ҳифзи Истиқлолият, дахлнопазирии марзу буми Ватан омода бошем ва насли ҷавонро барои хизмати содиқона дар сафи Артиши миллӣ тарбия ва ҳидоят намоем.
Аз фурсати мувофиқ истифода намуда, ҳамаи Шумоён родмардони Ватанро бо фарорасии рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, ба шумоён сарбаландиву саодатмандӣ ва хонаи ободро таманно дорем.
Саидова Дилором корманди илмии шуъбаи таърихи
МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд”