Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он мебошад. Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф, вале бисёр сангину пурмасъулияти таърихӣ барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи озодиву соҳибихтиёрии давлат, тамомияти арзии кишвар, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ба дӯш гирифтанд.
Имрӯз бо ифтихор изҳор менамоем, ки хизматчиёни ҳарбии Артиши миллӣ аз ӯҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон бо сарбаландӣ баромаданд. Давлат ва мардуми Тоҷикистон дар симои хизматчиёни Артиши миллӣ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватанро мебинанд. Мардуми шарифи кишвари Тоҷикистон, бахусус ҷавонон бояд инро ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки шукронаи сулҳу суботи пойдори кишварро ба ҷой оваранд ва ба хотири ҳифзи осоишу оромии мамлакат саъю талош намоянд, зеро ватандорӣ як рукни ҳастии миллат ва неъмати бузургу бебаҳо аст. Волотарин меъёри ватандорию ватандӯстӣ расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол, ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он аст.
Қобили зикр аст, ки бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ – яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ”, дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” вохӯрӣ бо афсарону сарбозон баргузор гардид.
Зикр намуд, ки чорабинии тантанавиро Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов ифтитоҳ намуда, ҳамагонро хайру мақдам гуфт. Сипас бо садо додани Суруди миллӣ таҳти навои оркестри нафасии қисми ҳарбии 3501 оғоз гардид.
Дар ин чорабинии мазкур Усмонова Фароғат - мутахассиси пешбари маркази – илмӣ методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, Қобилов Муқимҷон – Раиси Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд, Шавкат Шарипов – номзади илмҳои таърих, дотсент, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати МДТ “ДДХ” ба номи академик Б. Ғафуров, Набиҷон Раҳимов – доктори илмҳои таърих, профессори МДТ “ДДХ” ба номи академик Б. Ғафуров, Ғозиев Аҳмад Бобоевич – Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар шаҳри Хуҷанд, подполковник - Нурзод Маҳбуб Мелс - муовини сардори ситоди қисми ҳарбии 3501, Комилов Абдуғафур – намоянда аз иттифоқи касабаи коркунони фаҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳи, Шарифзода Фариддун- лейтинанти калони қисми ҳарбии 3501 ҳамчунин намояндагони Шӯрои собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист, афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3501 намояндагони муассисаҳои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муассилини гимназияи №4 бо роҳбарии Алиев Қаҳҳорхон – омӯзгори фанни омодагии дифои ҳарбӣ, намояндагони Шӯрои иттифоқи касабаи коркунони фарҳанги вилоят, кормандони маркази илмии Камол, донишҷӯёни Муассисаи таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров факултаи таърих ва ҳуқуқ, омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДҲБСТ факултети сиёсатшиносӣ, донишҷӯёни “Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” намояндагони муассисаҳои зертобеъи раёсати Фарҳанги вилоят, васоити ахбори омма ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок намуданд.
Дар фарҷоми чорабинии бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ бо садо додани суруди миллӣ ҷамъбаст гардид.
Сайфиева Шарифа – мудири шӯъбаи оммави-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа