Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Бозёфт

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади муаррифии осори ниёгон барои ғанӣ гардонидани фонди Осрохонаи таърихии вилояти Суғд дар МД “МФТ “ Қалъаи Хуҷанд” соли 2024 6 ҷаласаи  комиссияи харидории назди фонди осорхона баргузор гардид. Дар рафти он 373 миқдор ашёҳои таърихию фарҳангӣ ҷамъовари харидорӣ ва ба таври ройгон қабул карда шудаанд.

Дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд алҳол зиёда аз 500 адад нусха китоби нодиру дастхат ва чопи сангӣ гирдоварӣ гардида, аз шаҳрвандон ҷамъоварии китобҳо идома дорад.

Дар қатори ашёи таърихию фарҳангӣ нусхаи чопи сангӣ бо номи “Ҳафт қиссаи манзуми Баҳром”-и Алишер Навоӣ мавҷуд мебошад. Асар соли 1326/1908 дар матбааи Тошканд рӯи чоп омадааст. Ин китоб бо номи “Сабъи сайёр” низ машҳур аст . Дар ин асар Навоӣ ҳафт қиссаи Баҳромро рӯи қоғаз овардааст. Ногуфта намонад, муаллифи ин ҳафт қиссаро бо минётураҳои ба худ мувофик тасниф кардааст. Андозаи китоб 27х17 буда, муқоваи он бо картони оддии кабудчатоб сохта шуда бо туранҷу сартуранҷ оро дода шудааст

 Мавҷуда Бойматова

Корманди МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБозёфт
Scroll to Top