Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дидор аз оини таърих

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 13 феврали соли 2025  , бо сафари расмӣ ҳайати гурӯҳи кории бахши кишоварзӣ  бо сарварии Каимов. Н – раиси Шӯрои хоҷагии фермерии  деҳқонии вилояти Намангон,  Ҳамдамов. Б- директори хоҷагии ҷангалпарварии Намангони  Ҷумҳурии Узбекистон  ва  дигар  шахсони  намояндагони мухталифи  соҳаи кишоварзӣ  ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ташриф фармуданд.

Дар доираи сафари корӣ ҳайати гурӯҳи  меҳмононро  Амриддин Қосимзода- сардори идораи кишоварзӣ вилояти Суғд, Акбаров Саидаминхӯҷа- мудири шуъбаи кишоварзӣ МИҲД- вилояти Суғд ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуда ,  аз Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, дидан намуданд.

Ҳайати гуруҳи меҳмононро дар даромадгоҳи саҳнаи қалъаи таърихӣ , шахсан  Омири кулли МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд” , Иброҳим Иброҳимов пешвоз ва хайру мақдам намуд.

Сипас, меҳмононро Алишери Меҳринисо- роҳбалади муассисаи мазкур аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ сайри илмӣ гузаронид. Меҳмонон аз толорҳои намоишӣ гузар намуда,  оид  ба санъати нотакрори ҳунарҳои тасвирӣ, нақшу нигор, кундалкорӣ, нодираҳои ёдгории таърихию фарҳангӣ, ашёву экспонатҳои қадима ва дигаре гузошта буданд, маълумоти бештар гирифтанд. Дар лаҳзаҳои дидан намудан  аз толорҳои намоишӣ бо дидани  ашёҳои  гуногуни таърихӣ, фарҳанг, қаҳрамонони таърихӣ ёдовар мешуданд, ки аз шавқовар будани сайри илмӣ гувоҳӣ медод. Ҳамин тариқ аз тамошои толорҳои намоишӣ меҳмонон руҳбаланд  ва таасуроти нотакрор бахшид.

Дар идомаи сайри илмӣ  меҳмонон аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ ба монанди наққошӣ, қолинбофӣ, ҳавлии тоҷир, бофандагӣ, дуредгарӣ ва аз чойхонаи миллии “Қалъаи Хуҷанд”, ки бо тарзи урфу одати  қадимаи анъанаҳои мардумӣ дарак медиҳад, ошногӣ пайдо намуданд.

Воқеан, меҳмонон аз боздиди нотакрори ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ, ки эҳтиром аз дидани макони таърихӣ, огоҳӣ аз арзишҳои фарҳангӣ ниёгони халқи тоҷик, ки ба бинанда як ҷаҳони ғизои маънавӣ мебахшад, изҳори миннадорӣ баён намуданд.

Валӣ Набиев- котиби иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДидор аз оини таърих
Scroll to Top