Бисёре аз сокинону меҳмонони дохиливу хориҷӣ вориди даромадгоҳи Қалъаи таърихии Хуҷанд мешаванд, бештар бинои боҳашамати бо санъати қадимаи меъмориаш мафтун мегардонад.
Бояд гуфт, ки қалъаи таърихӣ аз панҷ толор иборат буда , бо ҳувияти баланди фарҳангӣ пеш аз ҳама дар ҳунарҳои мардумӣ таҷассум ёфтааст. Яке аз ин толорҳои намоишии “Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амали”- и Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” толори хурди намоишии созҳои мусиқӣ мавҷуд буда, он аз тарафи ҳунарманди мардумӣ, усто Тоҳир кандакорӣ шуда ба истифода дода шудааст. Дар толори мазкур зиёда аз 30 адад намунаҳои асбобҳои мусиқӣ аз қабили шайпур, каҷкарнай, карнай, табл, рубоб, тор, дутор, танбӯр, ғижжак, доира ва ғайраҳо ҷой дода шуда, намунаи асбоби мусиқии рубоб, ки дар фонди осорхонаи таърихӣ таҳти қайди моликияти давлатии№ 3352 сабт гардидааст, баҳри маърази тамошобинон гузошта шудааст.
Зикр намуд, ки тамошобин алҳол, вориди толори мазкур мегардад , савти форами овози нарми навои мусиқӣ ӯро фаро мегирад. Бале, мусиқӣ яке аз воситаи муҳими тарбияи зебоишиносии инсон буда , инсонро ба оромӣ, дилсӯзӣ ва ба корҳои манфиатбахш раҳнамоӣ мекунад. Яъне, санъати мусиқии халқи тоҷик саршор аз набзу мазмуни ғояҳои баланди инсонӣ буда, бахусус сози тори мусиқии рубоб ба инсон илҳоми тозае мебахшад.
Дар асл , рубоб сози тори мусиқӣ буда дар кишварҳои Осиёи Миёна , аз ҷумла дар Тоҷикистону Афғонистон ҳамчун сози мусиқии миллӣ маъмул буда, маънои овози ҳазин баровардаро дорад.
Сарчашмаҳои адабӣ рубобро дар шаклҳои гуногун тасвир менамоянд, ки аввали асрҳои миёна дар сарзамини Эрон ва кишварҳои атрофи он рубобро бо камонча менавохтанд. Он аз косаи секунҷа сохта шуда, яктора ва ё ду-се тора буда, бештар аз рубоби яктора шоирону гӯяндагони халқӣ ва аз рубоби ду- се тора ромишгарон ва муғанниёни касбӣ барои рақсу тарона ва мусиқии ансамблӣ истифода мебурданд. Ҳунармандони касбӣ ба рӯи косаи рубоб пӯсти оҳу кашида, торҳояшро аз рӯдаи гӯсфанд ва абрешим таҳия мекарданд, ки дарозии умумии рубоб аз 60-80 см-ро ташкил медиҳад.
Асбоби созҳои мусиқии рубоб тахминан дар асрҳои XVII-XVIII дар вилояти Қошғар бо шакли каме таъғирёфта маъмул гардида будааст. Ҳунармандони касбии асбоби мусиқисоз дар гарданаи байни коса ва даст ду шохи камоншакл ба тарафи коса хамида илова намуданд, ки бо номи “Рубоби кошғар”-ӣ машҳур гардида бо намуди зебогиаш дар Осиёи Миёна ва Ҳиндустон шуҳрат пайдо намудааст.
Қобили зикр аст, ки намунаҳои асбобҳои сози мусиқӣ ҳамчун арзишҳои миллӣ дошта, дар осорхонаҳои мухталиф гузошта шуданд, ки барои равшан намудани таърихи фарҳангӣ мусиқии халқи тоҷик басо аҳамияти бузурге дорад.
Валӣ Набиев- котиби иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”