Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Таърихи пайдоиши пиёла

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Пиёла зарфи кучаке мебошад, ки барои нӯшидани чой ё ягон чизи моеъ , асосан мардум дар рӯзгори хеш истифода мебаранд. Бояд гуфт, ки пиёла дар мамолики Шарқ хело маъмул буда, сарчашмаи  истеҳсоли зарфҳои чинӣ кишвари Хитой маҳсуб меёбад, ки  ҳунармандон  бештар  онро аз чинӣ ва сафол месохтанд. Инчунин пиёларо аз санги мармар, чӯб, фузулӣ, мис, нуқра баъзан ҳам аз тилло низ месохтанд, ки ҳачмаш хурд, миёна, калон ё худ нимкоса ҳам мегӯянд, сохта ба истифода дода мешуд.

Бо пиёла мардум одатан чой менӯшанд, ки ҳарорати муътадилии  чойро дар тӯли вақти истеъмоли инсон нигоҳ медорад ва дар рӯйи дастон бароҳат ҷой мегирад. Дар пиёлаи калон бошад, барои  истеъмоли  ҷурғот, мураббо, қаймоқ,  нишолло  ва ғ мегиранд. Бозёфтҳои археологӣ шаҳодат медиҳанд, ки пиёлаҳои сафолӣ чун дигар зарфҳо дар замонҳои қадим пайдо шудаанд. Дигаре бошад, тибқи маълумотҳои таърихӣ дар замонҳои пеш барои шоҳони дарбор ва шахсони бонуфуз пиёла ё косаи чиниро аз маводи устухонҳои махсуси коркардшуда месохтанд, ки қадру қимати баланд дошт. 

Қайд намудан ба маврид аст, ки бо шарофати заҳмати мутахассисон ва  бостоншиносон ,  имрӯз  намунаи пиёлаҳоро дар осорхонаҳои таърихии  кишвар , ҳамчун экспонат дидан мумкин аст.Намунаҳои зарфҳои чинӣ бо дараҷаи баланди эътимоднокӣ ва қимати баланд доштанашон мусоидат мекунад, ки тӯлҳои зиёд беайбии худро нигоҳ медоранд.

Қобили зикр аст, ки дар фонди хазинавии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, пиёлаи аз чинӣ сохташуда,  таҳти аломати қайди давлатиаш ( № КП- 5291/4  ) маҳфуз нигоҳ дошта мешавад.

Бояд ишора намуд, ки  пиёла аз гили сафед сохта шуда, пасманзарааш ранги сафед дорад. Дар қисмати лаби пиёла хати зарҳалин кашидашуда , дар шафати  рӯяш манзараи табиати бамбукзори кишвари Чин бо як марду кӯдак дар паҳлӯяш бо ҳарфҳои проглифҳои чинӣ навишатаҷот ва дар таги пиёла тамғаи чинӣ дорад, ки басо рамзист.

Валӣ Набиев - котиби иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТаърихи пайдоиши пиёла
Scroll to Top