Замоне ки бори аввал бинанда бо бинои боҳашамати Қалъаи таърихи Хуҷанд рӯ ба рӯ мегардад, гузаштаи фарҳангӣ қадимаи таърихи миллати тоҷик пеши назараш ҷилвагар мегардад. Баъдан, ки вориди толорҳои намоишӣ мегардад , дарҳои баланди кандакорӣ дар санъати меъморӣ, кошинкорӣ, санъати тасвирӣ, сақфи толорҳо бо маҳорату истеъдоди услуби ислимӣ гулпартоӣ карда шуда, ҷалб менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки Хуҷанди бостонӣ яке аз шаҳрҳои қадимаи Осиёи Марказӣ буда , зодгоҳи бисёр олимону шоирони шинохтаи давру замон, нависандагон ,санъаткорону ҳунармандони мардумиаш шуҳратёр гардидааст.
Қобили зикр аст, ки дар толори намоишии “Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амалӣ”-и Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд, долони хурд мавҷуд аст, ки дар он аксҳои “Шоирони номвари тоҷик” , минҷумла расми шоир Сайфиддини Исфарангӣ ҷой дода шудааст.
Шоир ва мутафаккири миллати тоҷик Мавлоно Сайфиддини Исфараҳангӣ, яке аз зумраи адибони машҳури асри XIII буда, дар адабиёти тоҷику форс мавқеъ ва мақоми хосае доштааст.
Бояд гуфт, ки арзёбии ҷойгоҳи шоистаи Сайфиддини Исфарангӣ дар суханварӣ ва арзиши ашъори баландпояи ӯ ҳанӯз дар зиндагии хеш сурат гирифта будааст. Дар радифи шинохти шоирони мутаффакири давру замон симои равшанзамир ва нобиғаҳои таърих, яке аз зодагони шаҳри Исфараи бостонӣ шоири овозадор Сайфиддини Исфарангӣ, минбаъд аз Самарқанду Бухоро, Хоразм то Шому Ироқ нуфузи хоса ба даст овардааст.
Зикр намуд, ки Сайфиддини Исфарангӣ соли 581 ҳиҷри қамарӣ ё солҳои 1185-1186 мелодӣ дар шаҳри Исфараи бостонӣ таваллуд ёфтааст. Ному насаби шоир бо ҳар тарзу гунаҳо Мавлоно Сайфуддини Исфарангӣ, Мавлоно ал- Аъраҷ, Сайфуддин Исфарангии Самарқандӣ, Сайфи Исфарангӣ, Сайфиддини Аъраҷ ва лақаби ифтихориаш Сайфиддин сабаб гардидааст. Аъраҷ лақаби Сайфуддин буда, ба хотири лангиаш ба вай дода шуд, ки бо ин лақаб маъруф шудааст.
Қобили зикр аст, ки ташаккули зиндагӣ ва фаъолияти адабии шоир асосан дар доираҳои бонуфузи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва адабии Хоразм, Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд ва ғайра алоқаманд будааст. Шоир дар айёми ҷавониаш аз зодгоҳ ба дарбори Хоразмшоҳиён рӯй ниҳода, кораш дар Хоразм барор гирифтааст.Бо мурури замони тангии даврони пирӣ Сайфиддини Исфарангӣ басо сангин сипарӣ шуда, аз сарчашмаҳо бармеояд, ки Сайфиддини Исфарангӣ соли 1267 дар шаҳри Бухоро вафот мекунад.
Бояд гуфт, ки матни илмӣ- интиқодии “Девон”- и Сайфиддини Исфарангӣ аз рӯйи тасҳеҳи Зубайдои Сиддиқӣ беш аз даҳ ҳазор байт фароҳам оварда шудааст. Таркиби “Девон”-и шоир иборат аз панҷ бахш буда, ба тартиб қасида, қитъа, тарҷеъбанд, таркиббанд, ғазал ва рубоиро дар бар мегирад.
Лозим ба зикри хос аст, ки соли 2017 Боғи фарҳангию фароғатии марказӣ шаҳри Исфара ба номи Сайфиддини Исфарангӣ гузошта шудааст. Тибқи нақшаи меъморӣ дар ҳамин мавзеъ муҷассамаи шоири тоҷику форс Сайфиддини Исфарангӣ бо баландии зиёда аз 5,5 метр гузошта шудааст.
Ёдовар шуд, ки нусхаҳои дастхати “Девон”-и Сайфиддини Исфарангӣ дар махзани ганҷинаҳои муътабари ҷаҳонӣ, аз ҷумла китобхонаҳои Британия, Бодлеан, Ганҷбахш, Теҳрон, Санкт- Петербург, Боку, Тошканд, Душанбе ва ғайра маҳфуз мебошанд.
Валӣ Набизод- котиби маркази иттилооти МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”