Агар ба фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ назар афканем, калимаи “табақ” аз забони арабӣ гирифта шуда, маънояш зарфи паҳн барои кашидани хӯрокҳои ғафспухташуда , табақи лангарӣ табақи калони чӯбини аз чӯб тарошидашуда ё табақи зарфҳои хӯрокхӯриро ифода мекунад.
Бояд гуфт, ки таърих ва истеҳсоли зарфҳои чинӣ аз кишвари Чин сарчашма мегирад, ки тақрибан дар асрҳои VI-VII кашф гардидааст, ки ин истиқлол дар замони худ ба соҳаи кулолгарӣ мубаддал гашта будааст.
Бале, сарчашмаҳои таърихӣ бештар маълумот медиҳанд, ки давлати Чин зодгоҳи сафол дониста шуда, ҳунармандони моҳир дар асрҳои VI- VIII мелодӣ бо тарзи дуруст ба даст овардани ашёи хомро аз худ намуданд. Устоҳои моҳири ботаҷриба ба зудӣ дарк намудан, ки чунин мавод то чӣ андоза беназир ва қимати баланде доштааст, ки формулаи ба даст омадаро махфӣ нигоҳ медоштанд.
Ҳамчунин маҳсулотҳои чинӣ бо тезӣ ба дигар кишварҳои бурунмарзӣ паҳн гардида, дар асри IX ба Осиёи Марказӣ ворид мегардад, ки технология ва формулаи маводи нодир ба дасти ҳунармандони ҷопонӣ омада мерасад.
Бояд тазаккур дод, ки дар кишвари Русия аввалин фабрикаи истеҳсолкунандаи зарфҳои сафолин дар асри XVIII ба роҳ монда шуданд. Дар мадди аввал зарфҳои хело майда бо шумораи кам ба монанди чойник, табақчаҳо ва дигар намуд истеҳсол мешуданд. Бо шарофати кӯшишу донишҳои ҳунармандони рус дар кишвари Русия солҳои 30-уми асри XX истеҳсоли маҳсулоти чинӣ бо рангубор ва ороишии маводҳои сафолӣ тараққӣ ёфт.
Бо гузашти айёми тараққиёти рушди истеҳсолоти зарфҳои сафолӣ, соли 1906 дар фабрикаи “Товарищество”-и ба номи М.С. Кузнецоваи кишвари Русия табақи аз гили сафед ба роҳ монда шуд. Чунин намуди табақи гили сафед ба тамғаи фабрикаи мазкур , дар хазинаи фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо қайди аломати моликият, таҳти №КП- 5293 маҳфуз нигоҳ дошта мешавад.
Зикр намуд, ки табақ ранги сафед дошта дар қисмати рӯяш ва канораш маҷмуаи нақшҳои барги бо ҳам наздики рангаш сурх ва дар маркази табақ ба шакли давра баргҳои хурду калон тасвир ёфтааст.
Қобили зикр аст, ки истеҳсоли зарфҳои табақӣ ва ороишӣ дар ҷаҳони муосир рақобатпазир буда, сарфи назар аз арзиши баланд доштани маводҳои сафолӣ дар бозори ҷаҳонӣ серхаридор ба шумор меравад.
Валӣ Набизод- котиби маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”