Манзараи зебову дилкаш ва ҳаво тозаву муҳити обод, оби форами садои ҷӯйборҳо, хиёбону гулгаштҳои ороиши бо гулу гулбуттаҳо аз офариниши нотакрори табиат ба инсон ҳаловати маънавӣ ва моддӣ ато мебахшад.
Бешак, кишвари Тоҷикистони соҳибистиқлол бо табиати биҳиштосои бемислаш шуҳратёри ҷаҳониён гардидааст. Кӯҳсорҳои бовиқору сарбаланд ба фалак кашида, хазинаи оби зулолаш, замини зархези ба иқлим мусоидаш барои парвариши меваҳои шаҳдбодаш, ки мардумаш заҳматкашу меҳнатдӯст ,бофарҳангу қавиирода ва бо сифатҳои олии инсонӣ доро мебошанд.
Исботи ин гуфтаҳоро дар ободониву хуррам ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ки як ҷузъи табиати нотакрор дар кабудизоркунии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ дида метавон. Боғбонони ботаҷриба чун ҳамасола барои шинонидани гулу гулбуттаҳои рангоранги мавсимӣ, ки бо бедоршавии табиат замини зархезро омода намуда истодаанд.
Зикр намуд, ки агар ба табиат назар афканем, чор намуд мавҷудот ҳаст, ки ин муҳитҳои обӣ, хокӣ, фазоӣ ва муҳити зиндаро ташкил медиҳад, ки онҳо аз якдигар бо шароитҳои ҳаёти фарқ мекунанд. Яъне, агар бигӯем, об муҳитеро ташкил медиҳад ва аввалин маротиба дар он ҳаёт пайдо мешавад. Дигаре, хок ғафсии заминро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ҳаёти фаъолият организмҳои зинда пайдо мешаванд. Муҳити фазоӣ бошад, дар таркиби он миқдори зиёди оксиген, рӯшноӣ, ҳарорат ва ивазшавии он нисбат ба вақт, фазо, пасту баландшавии фишори ҳаво, ифлосшавии муҳити зистро ташкил медиҳад.
Пас,тамоми олами моддии табиат моро иҳота намудааст, ки муҳити зиндаи атроф инсон ва ҷамъиятро ба ҳастии худ печутоб додааст. Зикр намуд, ки муҳити зист қисми табиат буда, барои ободу тоза нигоҳ доштани гирду атрофи муҳит кормандони хоҷагидории муассисаи мазкур талош меварзанд. Бахусус, фаррошони тозарӯби муассиса ҳамарӯза аз субҳи бомдод ва шомгоҳон тамоми гирду атрофи Қалъаи таърихии Хуҷанд, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” , барои тозаву дилкаш нигоҳ доштани муҳити зист камарӣ ҳиммат мебанданд. Барои муҳофизат намудани табиати зинда аз ҳар гуна ифлосиҳо ва тозаву обод нигоҳ доштани он на фақат масъулияти кормандони муассисаи мазкур , балки ҳар як инсони табиатдӯст саҳмгузор ва вобастагӣ дорад. Бояд, мо табиатро дӯст дорем, партовҳоро ба ҷойҳои махсус партоем, гулу гулбуттаҳоро поймол ва бераҳми накунем ва ба корҳои кабудизоркунии бетараф набошем, ки беҳуда бузургони хирад нагуфтаанд: “ Дӯст доштани табиат аз имон аст”.
Валӣ Набизод- котиби маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”