Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Санъати натюрморт

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дирӯз ба ифтихори 10-умин солгарди таъсисёбии бахши Суғдии Академияи мусавварии Тоҷикистон, зери унвони “Чархи зиндагӣ”, дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд баргузор гардида буд. Дар толори мазкур баҳри тамошобинон якчанд мусаввараҳо ва асарҳои эҷодӣ гузошта шуда буданд, ки аз он ҷумла  натюморти классикӣ – миллӣ аз ҷониби рассом , аъзои иттифоқи академияии мусаввирони Тоҷикистон , Аълочии фарҳангӣ Тоҷикистон ,Давлатов Абдухолиқ ба намоиш гузошта шуда будаанд.

Давлатов Абдухолиқ зодаи шаҳри Хуҷанд буда , соли 1959 таваллуд ёфтааст.   Соли 1966 ӯ ба мактаби таҳсилоти умумии  рақами 5- и ба номи 20 - солагии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1976 бомуваффақият хатм менамояд. Ҳамон сол  таҳсилро дар  Омӯзишгоҳи  рассомии ҷумҳуриявӣ ба номи Мирзораҳмат Олимов идома мебахшад.

Бояд зикр намуд , ки   таърих ва инкишофи натюрморт ҳанӯз дар замони қадим вуҷуд дошт, вале ҳамчун жанри мустақил дар асрҳои 16 –17 дар Аврупо, хусусан дар Ҳолланд ва Фаронса рушд  меёбад.. Дар ин давра рассомон натюрмортҳоро бо тафсилотҳои воқеӣ, рамзҳои пинҳонӣ ва маъноҳои махсус  эҷод менамуданд.

Калимаи Натюрморт аз забони фаронсавӣ (nature morte – “табиати мурда”) гирифта шудааст.

Одатан  рассомони моҳир дар натюрмортҳо аз моли рӯзгор, ашёҳои беҷон, меваҳо, гулҳо, зарфҳо, китобҳо, сӯзанҳо ва дигар ашёҳои зарурӣ истифода мебаранд, ки дар муҳити зист онро на ҳама кас эҳсос менамояд.

Натюрморт барои омӯзиши санъати рассомӣ хеле муҳим аст, зеро ки тарзи ҷойгиркунии ашёҳо, равшанӣ ва соя, инчунин мутаносибии рангҳо ва шаклҳоро омӯзиш медиҳад.

Ин жанри мазур  на танҳо зебоии ашёҳоро нишон медиҳад, балки аксар вақт рамзҳо ва маъноҳои амиқро дар бар мегирад.

Шовазир Муродҷони - роҳбалади Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСанъати натюрморт
Scroll to Top