Гуфтан ба маврид аст, ки ба ифтихори 10-умин солгарди таъсисёбии бахши Суғдии Академияи мусавварии Тоҷикистон намоиш, таҳти унвони “Чархи зиндагӣ”, дар Осорхонаи вилояти таърихии Суғди МД “Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” доир гардида буд.
Қобили зикр аст, ки дар толори намоишӣ байни чанд асарҳои эҷодии рассомон, минҷумла асарҳои эҷодкори мумтоз Руслан Бабаев- рассом, ҳайкалтарош, шоир ва нависанда гузошта шуда буданд.
Руслан Бабаев зодаи шаҳри Истаравшани бостони (Уротеппа) буда, 12 декабри соли 1952 дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Пас аз хатми донишкадаи санъат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи артиши шӯравӣ даъват шуда , ҳамчун рассоми полкӣ хизмат намудааст.Метавон гуфт, ки дар баробари рассомӣ ӯ шавқи ҳунари ҳайкалтарош, нависанда ва шоирӣ доро буда, асарҳояш ба монанди “Косаи хирад”, “Дарёи вақт”, “Хиради асрҳо”, “Корвони ҷовидонӣ”, “Хиради шарқ”, “Андешаҳои марворид”, ҳамчунин муаллифи повести “Муҳоҷири меҳнатӣ” романи “Роҳи дӯзах” ва “Буваҷон, портрети Модар”, “портрети Зан ва писар”, “Натюрморти Шарқ”, “Шоми боронӣ”, “Тирамоҳи заррин”, “Пули Ҷашнӣ”, “Ғуруби офтоб дар Мевағул”, “Соҳили баҳри Қайроққум” ва ғайраҳо мебошанд. Дигаре бошад, яке аз шоҳасараш “Натюрмоти Шарқӣ” тасвир намудааст, ки дар он меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон таҷассум гардидааст, ки таваҷҷуҳи бинандаро ба худ ҷалб мекунад.
Умеда Юлдошева - роҳбалади Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”