Дар истилоҳи фарҳанги луғати русӣ-тоҷикӣ калимаи “Абажур” ба маънои абажур, сарпӯши чароғ, қуббаи чароғ, болопӯши чароғ ифода ёфтааст. Қуббаи чароғ қисми ҷудонашаванда буда, намнокии рӯшноӣ дар ороиши дохилӣ истифода бурда мешавад. Аслан, қуббаи чароғ барои муҳофизати чашмҳо аз дурахши манбаи рӯшноӣ ва эҷодии равшании зарурӣ тавассути инъикос пароканда кардани рӯшноӣ пешбинӣ шудааст. Ғайр аз он, абажур аксар вақт ҳамчун унсури чароғ, ҳуҷра, вестибюли театр, айвон, миёнсарой ва ғайра истифода бурда мешавад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар пойгаҳи Осорхонаи таърихӣ вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд” намудаи абажур, тааллуқ ба асри XIX-XX бо қайдӣ аломати моликият (таҳти № К 312) баҳри тамошобинон гузошта шудааст. Бояд гуфт, ки абажур бори аввал дар кишвари Франсия сохта шуда, зиёда аз дусад сол то инҷониб тамоми ҷаҳонро забт намуда, дар хонаҳои бисёр одамон устувор ҷойгир шудааст. Аз замонҳои қадим барои ҳифзи чашмон аз нури машъал, шамъ ва баъдан чароғҳои лампаҳои керосинӣ бо пардаҳои махсуси металлӣ ихтироъ карда шуданд. Бо мурури замон оҳиста-оҳиста шакл, дизайнер ва намудаш тағийр ёфта, ороишгарон барои ороиш диққати махсус доданд. Сониян, лампаҳо дар шакл аз матоъҳои гуногун бо домана,пора ва моҳтобӣ оро дода шуданд. Бояд гуфт, ки лампа на танҳо як қисми зарурӣ ва функсионалии бинои дохилӣ буда, балки лаззати эстетики ва ҳусни дохилиро дигаргун мекунад. Албатта, абажур бо ҷалби нақшҳои табиӣ, ороишҳои гулдор ва нақшҳои мавҷнок ба худ хосе дорад. Абажурҳо аз масолеҳи гуногун, аз қабили шиша, пластик, металл, матоъ, картон, чарми сунъӣ, пӯсти табии сохта мешуданд. Шакли он метавонад, конус, кура, силиндр ва дигар комбинатсияҳо дошта бошад.
Бо истифода аз ин намунаи аслии абажур, ки пойгоҳи осорхонаи таърихиро зеб медиҳад, ки бинанда як лаҳза чашм канда наметавонад, чунки ӯ нодир аст.
Валӣ Набизод- котиби маркази иттилооти МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”.