Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Иқдоми неки боздид аз қалъаи таърихӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дирӯз бо ташаббуси роҳбарияти қисми ҳарбии № 3501-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,дар шаҳри Хуҷанд, барои болидахотирии ҳайати шахсӣ ва аз наздик ошно гардидан аз таъриху фарҳангӣ  ниёгони қадимаи халқи тоҷик сарбозони навдавъатшудаи қисми ҳарбии мазкур, тариқи ройгон  аз Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.

Бояд гуфт, ки қалъаи таърихӣ  макони зебои боҳашамати диданбоб, ки бинандаро бо ороиши печутоби санъати  тасвирии   қадимиаш  мафтуни худ мегардонад. Ҳайати гурӯҳи калони наваскаронро  барои аз наздик шинос  намудан, роҳбалади муассисаи мазкур Даврон Тошматов сайри таърихӣ  гузаронид. Аз маълумотҳои роҳбалад бармеояд, ки  толорҳои намоиши макони фарҳангию таърихӣ буда,  маводу ашёҳои нодири қадимаи ниёгон , ки аз давраҳои гуногуни зиндагии халқи тоҷик  гувоҳӣ медиҳанд ва эҷодиёти миллиро дар бар мегирад, маълумоти бештар гирифтанд.

Бояд гуфт, ки дар вақти боздид  сарбозон бо як шавқу завқи баланд  аз осори ниёгон, санъати тасвирӣ, нақшу нигори ҳунармандони мардумӣ барои баланд бардоштани ҳисси ҳувияти миллӣ ва аз муҳимияти таърихи гузашта , ки бо анъанаҳои ниёгон ва  аз саҳифаҳои таърихи миллати куҳанбунёди тоҷикон гувоҳӣ медиҳад, шинос гардиданд.

Воқеан, ин иқдоми неки боздид аз  макони  фарҳангию таърихӣ  аз   толори  бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ, бахусус аз  толорҳои”Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амалӣ”  ва “Истиқлоли Тоҷикистон”, ки бо санъати гаҷкорӣ аз ҷониби ҳунармандони мардумӣ ба намуди горелеф аз гаҷ сохта шуда аз эълон гардидани Эъломияи Истиқлолият оғоз гардида , дар он воқеаҳои сиёсӣ- набардҳо  ва дастовардҳои истиқлоли Тоҷикистон инъикос гардидааст, тамошо  намуданд.

Мавриди зикр аст, ки чунин чорабинии мазкур дар тарбияи ҷавонони ватандӯст огоҳӣ пайдо намудан аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва  баланд бардоштани  ҳисси худшиносию меҳанпарастӣ   замина хоҳад гузошт.

Валӣ Набизод- котиби маркази иттилооти МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОИқдоми неки боздид аз қалъаи таърихӣ
Scroll to Top