Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Табл бизан

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар асл, табл сози мусиқии зарбии қадимӣ буда, аксаран дар кишварҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон маъмул мебошад. Шакли табл доиравӣ мудаввар буда, чанбараш аз чӯб сохта шудааст, ки ду тарафи он пӯст кашида шудааст.Лек, дарунаш холӣ буда, қутраш аз 60-90 см ва бараш аз 30-40см ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки асбоби мусиқии созии табл асосан дар асрҳои X-XII то милод дар мамолики Шарқи Миёна ва Наздик маъмул будааст. Ҳунармандони мардумӣ таблро чун асбоби мусиқӣ бо ресмон ё тасма ба китф овехта ё баъзан ба миён баста менавохтанд. Зикр намуд, ки дар давраи ҳукмронии Искандари Мақдунӣ табли шарқиро ба радифи созҳои ҳарбӣ дохил намуд ва  ҷӯр бо  ҳамовозии шайпур навохта мешуд.

Қобили зикр аст, ки дар толори намоишии “Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амали”-и  Қалъаи таърихии Хуҷандӣ Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии“Қалъаи Хуҷанд”,  дар толори асбобҳои сози мусиқӣ , ки зиёда аз 30 намуд асбобҳои мусиқӣ мавҷуд  аст, ки  намунаи асбоби созии табл,  дар фонди осорхонаи таърихӣ бо қайди моликияти давлатӣ, таҳти  КП № - 503 аз соли 1976 , тааллуқ  ба асри XIX дорад,   баҳри маърази  тамошобинон гузошта шудааст.

Дигаре бошад, баъдтар дар асрҳои аввали милодӣ шакли табл тағйир ёфт, он нисбатан ба табли пешина хурдтар ва дарозрӯятар буда ба дуҳули муосири мардуми ҳинду афғон ва эронию арабӣ монандӣ пайдо кард. Чунин намуди табл дар давраи Сосониён ривоҷ ёфта будааст, ки маъмулан онро занҳо ҳам манавохтанд. Дар асрҳои миёна асбоби табл дар ду шакл баробар истифода мешуд, ки ҳоло табл шаклан такмил ёфта, дар мусиқии муосир ба монанди оркестри симфонӣ, созҳои халқӣ, эстрадӣ ва ғ. истифода мешавад.

Валӣ Набизод- котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО Табл бизан
Scroll to Top