Барои омодасозии ашёи хом то шаклсозӣ ва коркард намудан ҳунармандони мардумӣ, бахусус кулолгарон бо ҳунари зебо маҳсулотро бо сифати баланд таҳрезӣ мекунанд.
Бале, ҳунари кулолгарӣ аз санъати қадима ва аҷиби мардуми тоҷик буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо аз ҳунари оддии рӯзгор то ба санъати баланди миллӣ табдил ёфтааст. Агар пайдоиши ин ҳунар тақозои ҳастии одамони давраи ибтидоии пайдоиши ҷамъият бошад, мунтазам он ба ҳастии инсоният ҷуқуртар ворид шуда ба мояи умр, рушди камоли маънавӣ, ташаккулу такомули ҷаҳонбинии инсон мубаддал гардидааст.
Дар асл, агар ба фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ назар афканем, коса зарфи ҷуқури даҳанфароши аз пиёла калонтар барои таомхӯрӣ гирифта шудааст, ки он якчанд намуд ба монанди косаи чинӣ, сафолӣ, чӯбин ва амсоли онҳо мебошад.
Минбаъд, бо мурури замон санъати кулолгарӣ рушд ёфта ва намудҳои он нақшу нигори сафолинро ба худ гирифт. Бояд гуфт, ки нахустин маснуоти сафолин дар марказҳои қадимтарин, аз ҷумла дар Осиёи Хурд ва Эрон асри VII сохта шуданд. Метавон гуфт, ки бо пешрафти замон технологияи истеҳсоли зарфҳои сафолин тараққӣ ёфт, ки шакли маснуот дигаргун ва аз ҷониби ҳунармандон ба таркиби хок ҳар гуна намудаҳои хамири моддаҳои маъданӣ ва омехтаи растани, ки таркиби сафолро мустаҳкам мекунад, ҳамроҳ менамоянд.
Дигаре бошад, ҳунармандон барои пухтани сафол хумдонҳои махсуси дуқабатаро истифода мебурданд, ки истеҳсоли сафол дар асрҳои IX-X дар Осиёи Миёна ба вуҷуд омад, яъне аз намуди лой то омода намудани зарфҳои сафолин ва чӣ гуна рангпартоӣ аз хумдонҳои калон то пиёлаву косаю табақҳо ба роҳ монда шуда буданд. Рафта- рафта ҳунари кулолгарӣ ба санъати зебо ва воломақом табдил ёфт,ки инсони дарккунанда ба назокату тароват ва ҳусни табиатро дарк намуд ва ҳар чӣ зудтар эҷоди ҳунарии худро бо орзую таманноҳои нек таҷассум кунад.
Қобили зикр аст, ки дар толори намоишии “Ҳавзаи илмӣ- адабии Хуҷанд”-и Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” дар байни токчаҳои маводҳои нодир косаи ҷигдагул, ки дар фонди осорхона маҳфуз мебошад ва бо таҳти аломати қайдиаш № КВ- 4239 аз 30.07.20, ки аз гили сафед сохта шуда қисмати дарун ва берунаш ранги кабудтачоб гузошта шудааст. Бояд гуфт, ки дар қисмати берунаш бо хати кабуди баланд пасманзара бо маҷмӯи шохчаҳо ва чор нақши гул тасвир шудааст. Коса зерпоя дошта, дар тагаш тамғаи хати чинӣ дорад. ки бо санъати давраи замон аз байн нарафта бо рангу тобиши нафисаш токчаро зеб медиҳад.
Бале, зинда намудани мероси ҳунарҳои мардумии ниёгон, муҳаббати бинандаро бахусус, наврасону ҷавононро бо як нигоҳи нозук ҷалб намуда ,дар руҳияи ҳунаромӯзӣ тарбият менамояд, то ки истеҳсоли зарфу лавозимоти рӯзгорро ба роҳ монда дар афзун гардонидани моли ниёзи мардум саҳмгузор бошанд.
Валӣ Набизод- котиби маркази иттилооти МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”