Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Арҷгузорӣ ба мероси ниёгон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба ифтихори Рӯзи байналмиллалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ конфронси илмӣ-амалӣ дар якҷоягӣ бо Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ва Маъмурияти осорхонаҳо ва комиссияи ҳифзи ёдгориҳои шаҳри Исфара доир гардид. Конфронс зери унвони «Тамаддуни Исфара дар оинаи таърихи тоҷикон» бо иштироки олимон, бостоншиносон, сарварони осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят ва омӯзгорони фанни таърихи ноҳияи мазкур  ҷараён гирифт.

Конфронсро мудири бахши фарҳанги шаҳри Исфара- Амонуллоев С. оғоз намуда, меҳмонон ва аҳли нишастро хайра мақдам гуфт.

Ҷонишини раиси шаҳри Исфара Файзуллоева Т. оиди ин шаҳри бостонӣ ва ёдгориҳои он маълумот дода, зимни суханрониаш қайд намуд, ки «дар шаҳри Исфара 3 адад осорхонаи давлатӣ, 5 адад осорхонаҳои соҳавӣ, 5 адад осорхонаҳои шахсӣ ва 109 ёдгориҳои таърихию меъморӣ дар қайд буда, аз онҳо 10 ёдгорӣ аҳамияти байналхалқӣ ва 40 ёдгорӣ аҳамияти ҷумҳуриявӣ доранд».

Намояндаи Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Ш.Абдураҳимов зимни суханронӣ аз ёдгориҳои меъморӣ, таърихӣ ва фарҳангии Исфара ёдовар гардида, дар бобати ҳифзу нигаҳдошти онҳо андешаҳояшро баён намуд.

Дар рафти конфронс омири осорхонаи таърихии вилояти Суғд М.Бойматов дар мавзӯи “Оиди ҳифзи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ” сухан ронда, иштирокдоронро аз моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ”  бохабар намуданд.

Мудири шӯъбаи таърихи Осорхонаи мазкур И.Турсунов дар мавзӯъи “Исфара ва ганҷҳои ниёгони он”,  ҳамчунин К.Ҳамроев ва А.Раупов низ дар мавзӯъҳои “Чилгазӣ ва мақоми таърихии он”, “Бозёфтҳои таърихӣ-бозгӯи тамаддуни Исфара” маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.

Дар анҷоми конфронс аз номи иштирокдорон Муроҷиатнома ба Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҷашни 3000-солагии Исфараи бостонӣ ирсол гардид.

Дар қисмати дуюм аҳли маҷлис аз осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Исфара ва мавзеъи таърихии Қалъаи Сурх, ки мутааллиқ ба асрҳои VI-VIII мелодӣ ва мақбараи Хоҷаи Рӯшноӣ (асри Х) дидан намуданд ва андешаҳои худро оиди ҳифзу беҳдошти ин ёдгориҳои таърихӣ баён карданд.  

Мақсад аз баргузории ин конфронс арҷгузорӣ ба меросӣ ниёгон ҷалби аҳли ҷомеа баҳри ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳо, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба мероси моддию фарҳангии кишварамон арзёбӣ гардид.  

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАрҷгузорӣ ба мероси ниёгон
Scroll to Top