Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Санъат дар рӯйи санг

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Барои тарғиби таърихи илму фарҳанги халқи тоҷик ва ғанӣ гардонидани муҳити маънавии ҷомеа ба роҳ мондани фаъолияти ҳунармандон, бахусус дар замони соҳибистиқлолӣ  ҳунарҳои мардумӣ эҳё ва шароити мусоид фароҳам оварда шуданд.

     Яке аз намунаҳои барҷастаи он дар Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, бунёди намунаҳои ҳавлии ҳунармандони мардумӣ , ки масоҳати ҳар якеаш 6- садяк заминро дар бар мегирад. Ҳавлии ҳунармандон ба монанди ҳунарҳои кундалкорӣ, наққошӣ, дуредгарӣ, бофандагӣ, қолинбофӣ, кулолгарӣ ва сангтарошӣ машғуланд.

    Дар яке аз ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ  ҳунари сангтарошӣ дар рӯйи санг бо  мозаика ё бо истилоҳи забони тоҷикӣ “музоик” ном мебаранд, машғули кор ҳастанд.  Дар асл, ҳунари сангтарошӣ яке аз қадимтарин намуди санъати ороишию амалӣ дар рӯйи санг маҳсуб меёбад. Сангтарошӣ раванди шакл додан ва буридани санг мебошад, ки барои мақсадҳои гуногун  истифода мешаванд. Ин ҳунари сангтарошӣ дар тӯли асрҳо фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон амалӣ карда мешаванд. Сангтарошҳо барои тарошидан ва шакл додани санг ба шаклу андозаҳои дилхоҳ аз дастгоҳу асбобҳои махсуси сангтарошӣ ба монанди арра, диск, чизел, суян ва дигаре истифода мебаранд.

       Санъати сангтарошӣ барои эҷоди тарҳҳо ва нақшҳои мураккаб дар санг дақиқ ва таваҷҷӯҳ ба ҷузъиётро аз ҳунарманд талаб мекунад. Сангтарошӣ метавонад барои эҷоди намунаҳои арғумонӣ аз санг тарошида шуда, ки унсурҳои ороишӣ доранд сохта мешаванд. Дар замони муосир технологияи пешрафта асбобҳои механикакунонидашуда дастрас ҳаст, ки дар пешбурди раванди сангтарошӣ кӯмак мекунад- мегӯяд усто Ғолибҷон Усмонов.

    Дигаре ҳаст, ки асбобҳои анъанавии дастӣ то ҳол аз ҷониби баъзе устоҳои сангтарош истифода мебаранд.Дар  раванди идомаи суҳбат-  устои сангтарошӣ моҳир Абдусаид Набиев гуфт, ки  аксар вақт бо навъҳои гуногуни санги маҳаллӣ аз мавзеъҳои ноҳияи Ашт, Конибодом, Хуҷанд, дараи Варзоб, Панҷакент аз лаби дарёҳою кӯлҳо ва аз корхонаҳои саноатӣ бо санг сару кор доранд ҷамъоварӣ менамоем. Инчунин сангҳои кишварҳои бурунмарзӣ ба монанди Узбекистон, Афғонистон, Эрон  мавҷуд аст, ба амсоли сангҳои гуногунранг аз қабили гранит, мармар, оҳаксанг, офит, яшма, оникс, лоҷувард ва дигаре  ба кор мебаранд.

   Дар ҳавлии сангтарошӣ ҷавонони шавқу завқи истеъдоди ҳунарӣ дошта, чун шогирд, ки имрӯзҳо дар коллеҷи санъати рассомии ба номи Содирхон Ҳофиз  таҳсил намуда дар назди усто сарҷамъ ва нозукиҳои ҳунари аҷдодиро омӯхта истоданд. Ҳамагӣ ҳашт нафар яке сайқалкору дигаре сангбур, ки мувофиқи фармоиш кору фаъолият бурда аксҳо ё манзараи табиатро аз сангҳои рангоранг инъикос мекунанд. Вақте ки кас вориди устохона  мешавад, ҳатман назараш ба  намунаҳои тасвирҳои тайёршуда  меафтад. Масалан, мегӯяд усто - Ғолибҷон агар ба акси тайёршудаи сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллои Рӯдакӣ нигарем, зиёда аз 1500 намуд бо заррачаҳои майдаи сангҳои рангоранги табии  маҳаллӣ асар офарида шудааст.

   Мақсади ҳунарманд он аст, ки ин истеъдоди ҳунари санъати нодири заҳматталабро ба шогирдон  омӯзонад то ки аз байн наравад.

   Бояд гуфт, ки одатан устоҳои сангтарош, кандакор, гулдӯз аз тарҳе ки наққошон омода шуданд истифода мебаранд.

  Ҳоло бошад, устоҳои ботаҷриба анъанаҳои беҳтарини наққошӣ, кундалкорӣ, нақшбандӣ, нусхапартоиро бо сангҳои рангин оро дода асарҳои нав ба нав эҷод  мекунанд, ки ҷолиби диққат  аст.

  Валӣ Набизод – котиби маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСанъат дар рӯйи санг
Scroll to Top