Дар ҳама давраҳои инкишофи инсоният тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш саршори омилҳои зебоӣ, паҳлавонӣ ва ҳувияти миллӣ ба шумор меравад. Бале, варзиш воситаи ташкили тарбияи бадан барои ҷомеа буда, ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, боварӣ, ҳамкорӣ ва сулҳу дӯстӣ мусоидат мекунад. Маҳз, ҳамин таваҷҷуҳ буд, ки варзиш дар ҷомеа рӯз то рӯз рушд ёфта истодааст, ки як бахши муҳаррики ҳаёти инсонӣ ба ҳисоб меравад.
Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси “ Клуби дӯстдорони дав-DAV.TJ”, дар шаҳри Хуҷанд дар оғози аввали Соли нави мелодӣ- 2025, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” мусобиқаи дав баргузор гардид. Ҳадаф ва мақсади чорабинии мазкур яквақта дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд инчунин вертуалӣ дар якчанд кишварҳои бурунмарзӣ мусобиқаи дави Соли навиро оғоз кунанд. Мусобиқаи дӯстдорони дав бо вақти маҳаллӣ расо соати 12:00 ташкил гардид, дар он нафарони синну соли гуногун иштирок намуданд. Масофаи давидан ба фосилаҳои 10 км, 20 км ва барои кӯдакону наврасон 400м аз ҷониби доварон муайян гардида буд , ки бояд тез ба марра мерасад.
Қобили зикр аст, ки дӯстдорони клуби дави DAV.TJ – дар шаҳри Хуҷанд , яке аз тарғибкунандагони дав ва тарзи ҳаёти солим буда бо ин мақсад ҳаммаслакони гуногункасбу синни соли гуногунро сарҷамъ менамояд.
Бояд гуфт, ки таи чанд сол аъзоёни клуби мазкур дар мусобиқаҳои дохили ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ фаъолона иштирок намуда кишвари Тоҷикистонро дар сатҳи баланди дӯстдорони дав муаррифӣ намуда, сафи аъзоёни клуби дав рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст. Зикр намуд, мусобиқаҳои дави байналмиллалӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд ва Ҷаббор Расулов ва кишварҳои бурунмарзии Тошкент, Белгород ва Челни ва дигаре дар масофаҳои гуногун мунтазам гузаронида мешаванд.
Илова бар ин варзиши сабук дорои намудҳои гуногун ба монанди давидан ба масофаҳои гуногун, ҷаҳидан ба дарозӣ ва баландӣ, найзапартоӣ, гурзпартоӣ, дискпартоӣ буда аксари онҳо шакли оммавӣ гирифтанд.
Дар асл, варзиши сабук номаш “сабук” аст ва бо ҳамин шинохта шудааст, ки омода намудан кори саҳлу осон нест. Ин гуфтаҳоро аксаран мутахассисони варзидаи соҳаи варзиши сабук ҷонибдорӣ мекунанд. Зикр намуд, ки давидан намуди асоси варзиши сабук аст, ки одатан маҳз давидан намуди асосии тамоми мусобиқаҳо маҳсуб меёбад. Зиёда аз давидан қисмати таркиби машқҳои варзиши намудҳои гуногуни варзиши сабук мебошад.
Боиси хурсандист, ки миллати тоҷик ҳамеша аз азал ҳамеша бо варзиш чун ба як воситаи обутоб ёфтани бадан муносибат менамуд ва варзишро яке аз омилҳои беҳтарин дар роҳи камолоти ақлии худ медонист. Албатта, дар иҷроиши ҳар амали дав барои шаффоф ва дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаҳои варзиши сабук доварон ба иштирокчиён баҳогузорӣ намуда ба маҳорату чолокии истеъдоди варзишгарон баҳои баланд медиҳанд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур дар боғи фарҳангию фароғатӣ ин тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, солимии миллат, ватандӯстиву меҳанпарастӣ маънидод мегардад.
Дар ҷамъбасти мусобиқаи дӯстдорони дав аз ҷониби доварон ба иштирокчиёни беҳтарин ва ғолибон бо медалҳои ҷоизавӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Валӣ Набизод- котиби маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”