Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, дар ин лаҳзаҳои муборак бо камоли самимият, соли интизориҳои орзу ва умедҳои нав ,ки дар остонааш қарор дорем, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии соли нав идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ ва амалӣ гардидани орзуву ормонҳо самимона табрику муборакбод менамоем.
Бигзор, Соли нави мелодӣ- 2025 барои ҳар як хонадони Шумо сиҳатмандиву зиндагии осуда, сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, бахти пояндаву иқболи нек, саодати рӯзгор ва комёбиҳои беназир танинандоз бошад.
Бале, Соли 2024 дар хотири мардуми кишвар ҳамчун соли заҳмати софдилона барои ободии Ватани соҳибихтиёрамон, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст. Ҳамчунин соли нави мелодии 2025-ро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созандагиву ободкорӣ истиқбол мегирем.
Мо бояд, дар Соли нави мелодӣ ва солҳои минбаъда боз ҳам камари ҳимматро мустаҳкам баста ба хотири таҳкими истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳанпарастӣ ҳарчи бештар заҳмат кашида, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ободонии сарзамини муқаддасамон дастаҷамъона саъю талош намоем.
Мо азми қавӣ дорем, ки ба хотири рушду тараққиёти Ватани азизамон ва ояндаи неки фарзандонамон пурсамар меҳнат намуда ба комёбиҳои нав ба нав ноил мегардем.
Бигзор, Соли нави мелодӣ - 2025 ба Шумо соли мақсадрас бошад ва бо орзую умедҳои некӣ, осоиштагӣ дар зиндагӣ ва ба ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ файзу баракат ва нусратҳои нав ба нав орад.
Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!