Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Паёми Пешвои миллат-паём аз ояндаи неки Тоҷикистон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 – уми декабри соли 2024 ироа гардид.

Дар он фарогири ҳамаи самтҳои гуногуни ҷомеа масъалаҳои  мухталифи ҳаёти кишвар мавриди таваҷҷуҳ  ва таҳлилу арзёбӣ қарор гирифт. Дар он дурнамои рушди кишвар ва ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои  муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунандаи самтҳои фаъолияти давлатдории миллӣ буда, якчанд  силсила масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ кишварро ҳамаҷониба таҳлил намуданд.

Агар ба маҳфуми калимаи “Паём” назар афканем, он маънои сухан, хабар, мужда, пайғом, нома,  мазмун, ки касе ба касе мегӯяд ё мерасонад истифода мешаванд. Ҳамчунин маҳфуми “Паём” дар истилоҳи давлатию сиёсӣ аз маънои луғат дур нест, зеро Паёми ҳамасолаи Сарвари давлат дар амал сухан гуфтанӣ аст ва барномаест, ки бо воситаи “Паём”-и мазкур  барои мардуми кишвар ё ҷомеаи дохиливу хориҷӣ расонидан аст.

Бояд зикр намуд, ки аҳли ҷомеаи меҳнатии  кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” баъди ироа гардидани Паёми навбатии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти ҷомеаи имрӯзаи мо руҳу нерӯӣ тозае бахшид. Яъне аз Паём то Паём зиндагии мардуми тамаддунофари миллати тоҷик куллан фазои дигар гирифта, ҷомеа бо як дилгармӣ аз пайи иҷрои корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва рӯзгори хешро пеша гирифт.

Таҷрибаи  муосири ҷаҳонӣ тақозо мекунад, ки дар  остонаи Соли нави  2025 – мелодӣ, Паёми муфассали Сарвари давлат ба мақоми қонунбарор ва дар симои он тамоми мардуми кишвар ва ҷомеаи байналмиллалӣ ироа  гардид.Ин нишонаи таҷрибаи ҳисоботдиҳанда, яке аз рукнҳои муҳими давлати  соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд  дар низоми давлатдории миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Яъне, Паём сухани самимии Сарвари давлат ба ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеаи ватандӯст, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои таппиши набзи созандаи давлату миллат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Валӣ Набизод- котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”  

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПаёми Пешвои миллат-паём аз ояндаи неки Тоҷикистон
Scroll to Top