Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Аз таърихи Соли нав

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Соли нав яке аз қадимтарин иди мардумӣ  мебошад, ки инсоният онро ҷашн мегиранд. Бояд гуфт, ки  гузоштани арчаи солинавӣ  ва ҷашн гирифтани он дар замони Шӯравӣ ба ҳукми анъана даромада  буд. Ба монанди оне, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус дар Тоҷикистон низ гузоштани арча ва оро додани он чун рамзи Соли нав маъруфият пайдо  намудааст.

Бояд гуфт, ки гузоштани арчаи солинавӣ ба мардум хеле писанд  ва  чун  иди пешвозгирии арафаи  соли нави мелодӣ буда, дар   ҳар як хонавода  ё идораю   ташкилоту муассисаҳо ҳангоми фарорасии Соли нав  бо   ороишӣ оро медиҳанд, ҳатто дар  марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузошта шуда, чорабиниҳои фарҳангии  идона бо иштироки Бобои барфӣ ва  Барфак гузаронида мешаванд.  Ҳатто ҳеҷ кас ин ҷашнро бе арчаи зебои орододашуда  ва туҳфаи солинавӣ тасаввур карда наметавонад..

Агар  ба таърихи Соли нав назар афканем, дар Мисри қадим Соли нав ҳангоми дамидани  дарёи Нил, зеро ки он биёбонҳоро шодоб мегардонид,  тақрибан охирҳои моҳи сентябр ҷашн гирифта мешуд.

Мардуми  кишвари Миср бошанд,  дар Соли нав ҳайкалҳои худояшон Амон, зану фарзандҳои худро  дар кишти савор намуда  як моҳ дар дарёи Нил шино мекарданд. Дар тамоми  фурсати  ин вақт одамони даруни киштӣ сурудхонӣ   ва шодиву хурсандӣ мекарданд. Ҳатто  ин одати мисриён  ба дигар кишварҳои ҳамсоя  ворид  гардида ба расмият медарояд. Дар замони Фиръавн бошад,  дар Мисри қадим  оро додани арча ҳангоми Соли нав қабул гардида буд. Лек, аз сабаби он ки  дар сарзамини  Мисри қадим  арча намерӯид,  мардумаш  дарахти  хурморо оро медоданд.  

Зикр намуд, ки ба мамлакатҳои  Шарқ ин маросими ҷашнгирии Соли нав дар асри XX ворид гардидаст. Мардуми  Рими қадим  бошанд, то мелод ба ҳамдигар туҳфаҳои солинавӣ тақдим мекарданд ва шаби соли навро бо базмороӣ, рақсу бозӣ  мегузарониданд.  Онҳо ба ҳамдигар дар соли нав хушбахтӣ, муваффақият ва бурдборҳои зиндагиро таманно мекарданд. Муддати  дароз  мардуми  Рими қадим   соли навро дар аввали моҳи март ҷашн мегирифтанд, то даме ки Юлий Сезар тақвими наверо ҷорӣ  менамояд , ки ҷашни Соли нав рӯзи якуми моҳи январ рост меояд.  Номи моҳ ба шарафи худои худ Янус (дурӯя) гузошта мешавад, ки як рӯи ӯ ба соли гузашта ва рӯи дигараш  ба Соли нав марбут буд, ки мардум ин Соли навро “Календа” мегуфтанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки  оро додани арча ҳамчун рамзи  Соли нави мелодӣ дар кишвари  Россия соли 1700 пайдо гардид, ки ин сол Пётр – 1 фармон дод, ки арчаро барои Соли нав оро диҳанд , то ки рӯзи  мавлуди Ҳазрати  паёмбар Исо(а)–ро ҷашн гиранд. Ҳангоми пойдоршавии  Ҳукумати давлати  Шӯравӣ бо сабабҳои фаҳмиши динӣ ин маросимро манъ мекунанд. Ҳамин тавр охири соли 1935 ин маросими ҷашнгирии Соли нав дар Россия  аз нав эҳё мегардад.

Мавриди зикр аст, ки дар Бобулистони қадим Соли навро дар соли фасли баҳор ҷашн мегирифтанд. Дар давраи ҷашнгирӣ  шоҳи ҳамон замон  як ҳафта барои шикор  аз шаҳр берун мерафт. Вақте ки шоҳ набуд, мардум дар тан либосҳои идона  пӯшида,  соли навро ҷашн мегирифтанд. 

Дигаре бошад, соли нав дар кишвари Англия дар солҳои миёна дар ибтидои моҳи март ҷашн гирифта мешуд, вале қарори  парлумони мардумӣ  оид ба  рӯзи ҷашнгириро ба санаи  1-январи соли 1752  расман қабул мекунад.

Бояд гуфт, ки таҷлили Соли нави милодӣ бо ороиши арча солҳои  20- уми  асри XX  аз ҷониби ҳукуматдорони шӯравӣ ҳамчун анъанаи куҳнаи бойи- феодалӣ манъ карда мешавад ва  соли 1936 дубора аз нав  барқарор мегардад. Иштироки ҷашни соли навӣ бо Бобои барфӣ ва Барфак дар қаламравӣ Иттиҳоди шуравӣ аз соли 1937 иҷозаи расмӣ  мегирад,  санаи  23 декабри соли 1947 бо  фармони Президиуми Совети Олии ИҶШС, санаи 1- уми январ расман рӯзи истироҳат эълон мегардад.

Дар кишвари Тоҷикистони соҳибистиқлол  анъанаи ҷашнгирии Соли нави милодӣ то ба имрӯз  идома дорад ва ҳамасола  санаи  1-уми январ дар тамоми  қаламравӣ ҷумҳурӣ рӯзи истироҳат эълон гардидааст.  Дар Соли нави мелодӣ мардум, чун рамзи меҳру муҳаббат ва амали гардидани кулли орзуҳою умедҳо  ҳамдигарро  табрикот ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим мекунанд. Барои кӯдакону наврасон туҳфаи аз ҳама беҳтарин дар Соли нав ин худи Бобои барфӣ ва Барфак мебошад. Шояд саволе  ба миён ояд, ки Бобои барфӣ аз куҷо пайдо шудааст ва чаро шоми охирини соли куҳна бо Барфак- наберааш  пурра месозад? Бале, таърихи пайдоиши Бобои барфӣ ба асри  XX рост меояд. Бобои барфӣ ин марди солхӯрдаи қоматбаланди  дорои риши сафед бо халтаи пур аз туҳфаҳои рангоранги ғайриоддӣ дар маҳфили Соли навӣ ташриф ва арғумон меорад. Дар мамолики мухталифи дунё дар соли нав  Бобои барфиро ҳар гуна номгузорӣ мекунанд: Санта- Клаус, Пэр- Ноэл, Юлниссаор, Йыулувана, Қор- Бобо ва ғайра. Бобои барфии  итолиёвиҳо бошад аз сафи занҳо иборат буда,  ӯро Бефана ном медиҳанд. Мардуми руминиҳо бошанд, Бобои барфиро Мош Джерилэ ном гузоштанд. Дар кишварҳои  Узбекистон Қор-бобо ва дар Озарбойҷон Шахта- бобо мегӯянд ва дар кишварҳои мусалмонон бошад, Хизир Илёс ном мегирад. Ҳар намуд ва номе, ки нагузоранд  дар ҳама кишварҳо Бобо барфиро интизор ва шоми Соли навро бе Бобои барфӣ тасаввур кардан амри маҳол аст. Муҳим он аст, ки муъҷизаи Соли навӣ ин ороиши арча ва ҳадяи туҳфаҳои соли навӣ барои кӯдакон мебошад.

Имрӯзҳо мо ягон Соли нави мелодиро бе арчаи орододашуда тасаввур карда наметавонем, ки на танҳо калонсолон , балки кӯдаконро мафтун кардааст. Охир онҳо ҳамасола бесаброна Соли навро интизор мешаванд ва  дар маҳфилҳои  гирди арчаи Соли навӣ рақсу сурудхонӣ ва бозӣ мекунанд, то ки  аз дасти Бобои барфӣ ва Барфак туҳфа гиранд.

Валӣ Набизод- котиби маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАз таърихи Соли нав
Scroll to Top