Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дӯстӣ поянда бод

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 19 декабри соли 2024 бо сафари расмӣ ҳайати намояндагони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон бо роҳбарии Раиси вилоят Бозаров Х. ва ҳайати намояндагони вилояти Баткенти  Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳбарии Раиси вилоят Алимбаев А. ба вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд.

 Дар доираи ҳошияи сафари корӣ ҳайати меҳмононро шахсан  Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд, муҳтарам Фирдавс Шарифзода  ва дигар намояндагони МИҲД-и вилояти Суғд ҳамроҳӣ намуда  аз  Қалъаи таърихи Хуҷанди МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.

 Дар даромадгоҳи саҳнаи маҷмааи қалъаи таърихӣ Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов  меҳмононро пешвоз ва хайру мақдам гуфт. Сипас, роҳбалади муассисаи мазкур Мирзоева Иноятхон ҳайати гуруҳи меҳмононро аз толорҳои намоишӣ, ки дорои таърихи куҳани миллати тоҷик бо санъати нотакрори тасвирӣ, нақшу нигор, кундалкорӣ, гаҷкорӣ ва аз хазинаҳои мероси қадимаи ниёгон бо маводу ашёҳои нодир ҷойгир карда шудааст, ошно намуд.

Бояд тазаккур дод, ки толорҳои намоишӣ бо нигораҳои нодир, ташвиқу тарғиби таърихи бостонӣ, фарҳангию маданияти ғании халқи тоҷик, хостатан дар сатҳи шоиста ба анҷом расонида шудааст, аз ҷониби меҳмонон баҳои баланд дода шуд.

Бахусус, толори намоишии навбатӣ “Истиқлоли Тоҷикистон” бозгӯи таърихи халқи тоҷик, ки аз даврони соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад , бо намуди барелеф  аз ҷониби  ҳунармандони мардумӣ  бо санъати гаҷкорӣ оро дода  шудааст, писанди меҳмонон гардид.

Ҳамзамон бо истифода аз фурсати  муносиб меҳмонон ба китоби “Меҳмонони фахрӣ” таассуроти хешро ёддошт намуданд.

“Хужанд Қалъаси тарихий мемориал комплекси жуда хашаматли  юқори қурилиб кухна Хужанд шахри тарихи билан бирга тожик миллати нақадар узоқ тарихга, анъаналарга эга экани гӯзал кӯрсатиб берилган. Бу мажмуа дунёга тожик миллатини кӯрсатишга катта тарихий ёдгорлик бӯлибди.

Бугун Тожикистон халқига тинчлик фаровонли, ривож ва тараққиёт тилаб қоламан”.

Х.Бозаров Фарғона вилоят Хокими

 Инчунин, дар идомаи сайри  намоишӣ  гуруҳи ҳайати меҳмонон аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ, ба амсоли наққошӣ, бофандагӣ, дуредгарӣ, кулолгарӣ  ва ҳавлии тоҷир тарзи суннатию урфу одати замони гузаштаи миллати тоҷикро бо нақшу нигори рӯзгори қадима  инъикос мекунад, ошно гардиданд.  

Ин макони маҷмааи таърихию фарҳангӣ басо рамзӣ буда, маҳорати шаклу андозаи асримиёнагиро дар худ таҷассум мекунад, ки дари муҳаббати равшангари сулҳу оромӣ, фарзонагӣ  ва толиби осоиштагӣ барои меҳмонон ва сайёҳони хориҷиву дохилӣ ҳамеша кушода аст.
Валӣ Набизод котиби маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДӯстӣ поянда бод
Scroll to Top