Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ихтироъкори олоти нуҷумӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Замоне ки тамошобин ба толори намоишии бинои Қалъаи таърихии Хуҷанд  ворид мешавад , аввал  он  бо толори ҳавзаи илмию адабӣ рӯ ба рӯ мегардад. Гуфтан ба маврид аст, ки толори мазкур аз ду зертолорҳои хурд , дар самти чапаш шеърҳову қасидаҳо оиди шаҳри Хуҷанд ва Қалъаи таърихии Хуҷанд,  дар зершишаҳо китобҳо оиди таърихи шаҳри Хуҷанд ва ашёҳои таърихӣ баҳри тамошобинон  ба намоиш гузошта шудааст.

Дар дигар зертолори хурди дасти рост гуфторҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳаққиқон, донишмандон  ва нависандагон, ки дар асрҳои мухталиф умр ба сар бурдаанд, ёддошт шудааст. Инчунин ду мусаввараи донишмандони Хуҷанди бостонӣ бо асбобҳои ихтироъ кардаи худ, яке Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва дигаре Ҳоҷӣ Юсуф Мирфайёз, ҷуғрофияшинос, мунаҷҷим ва харитакаш ба маъразаи тамошо гузошта шудааст. Бале, шуҳрати номи Хуҷандшаҳр бештар бо тавассути олимону донишмандон  ва суханварону орифони мумтоз  густариш ёфтааст. Дар қатори даҳҳо донишмандону фозилон, ки фаъолияти илмиву адабии худро мавриди иззату  эҳтироми аҳли илму адаб гардонида шуҳратёр гардидааст ин риёзидон ва мунаҷҷими  маъруфи замони хеш ихтироъкори олоти нуҷумӣ  Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ мебошад.

Абӯмаҳмуд Ҳомид ибни Хизри Хуҷандӣ ( тав. Хуҷанд-930, вафот Бағдод- 1000 ), ки дар таърихи риёзиёт, ситорашинос ва ихтироъкори форсу тоҷик  бо нисбаи Ал-Хуҷандӣ ва ё Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ машҳур мебошад, ки ҳазор сол пеш аз ин бо нури хирад ва дониши худ бисёр гӯшаҳои норавшани илмро равшан карда бо кашфиёти илмиаш ҳамзамонони худро  ва олимони давраҳои баъдинаро мафтун сохтааст.

Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ба ғайр аз илми ситорашиносӣ дар риёзиёт нодири замони худ ба шумор мерафт. Теоремаеро, ки имрӯз дар математика бо номи формула маълум аст, 600 сол қабл аз ӯ Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ибтидо гузошта буд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар бораи рисолати риёзӣ ва комёбии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар соҳаи илми ҳисоб риёзидони асри X  Абӯҷаъфари Ҳозин дар асари  “Рисола фӣ-иншо ал-мусалласот  ал-қоимати-з-завоё ал-мантиқ ал-азлоъ”  ёдовар шудааст. Дар он қайд мешавад, ки дар рисолаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ собит шудааст, ки ҳосили  ҷамъи ду адади мукааб ( кубӣ) адади мукааб буда наметавонад.  Инчунин Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар соҳаи илми мусалласот  (тригонометрия) теоремаи синусҳоро ҳосил карда будааст.

    Зикр бояд намуд, ки Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар инкишофи илми ситорашиносӣ ва такмилу сохтани олотҳои расадӣ саҳми босазое гузоштааст. Қайд карда ба маврид аст, ки дар толори намоишии гӯшаи ҳавзаи илмию адабии  Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, намунаи олотҳои ихтироъкори дар зершиша ба монанди  устурлоб, нақша  ва расмашон  баҳри тамошобинон гузошта шудааст.

   Ёдовар шуд, ки ситорашиносони машриқзамин дар фаъолияти хеш ба натиҷаҳои саҳеҳӣ илмӣ ноил гардиданд ба монанди Алӣ ибни Устурлобӣ, Холиди Марварудӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯсайиди Сиҷизӣ, Абӯсаҳли Кӯҳӣ, Абулқосими Устурлобӣ, Шарофуддини Тӯсӣ, Ҷамшеди Кошонӣ ва дигарон аз ҷумлаи ингуна донишмандон мебошанд, ки онҳо на танҳо ситорашиносони маъруфи замони худ, балки ихтироъкунандаи олоти нуҷумӣ буданд.

Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ аз худ мероси илмии гаронбаҳое гузошта буд, ки он намунаи илму фарҳанги тоҷикон буда, дар рушду равнақи илми ҷаҳонӣ ва умуман тамаддуни башарӣ таъсири калон расонидааст. Қобили зикр аст, ки ду рисолаи риёзӣ ва шаш рисолаи ситорашиносӣ бо номҳои зайл боқӣ монданд, ки дар китобхонаи кишварҳои  Байрут, Қоҳира, Оксфорд, Париж, Истамбул ва Теҳрон маҳфуз мебошанд.

Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОИхтироъкори олоти нуҷумӣ
Scroll to Top