Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дидан намудан аз осорхонаи таърихӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 17- декабри соли 2024  бо ташаббуси роҳбарияти факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои афзун намудани донишҳои фарҳангию таърихӣ курсантони курси бахши 1- уми факултети мазкур  аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.

Гуфтан ба маврид аст,  ки осорхонаи таърихӣ як макони илмию адабӣ  буда, тамошобинро бо ороиши рангорангаш аз ҳаёти гузаштагони халқи тоҷик ошно мегардонад.  Бояд гуфт, ки толорҳои намоиши аз давраҳои гуногуни зиндагӣ ва эҷодиёти  ниёгони миллати тоҷик ба тамошобин ҳикоят мекунад.

Ҳамзамон, донишҷӯён бо ҳамроҳи роҳбаладони муассисаи мазкур ва мутассадиёни осорхона ба ду гуруҳ тақсим шуда, зимни боздид  аз толорҳои таърихии тамаддуни қадимаи гузаштагон  бо ашёҳою маводҳои нодир ва асбобҳои қадима чун мерос  гузошта шуданд, ошно гардиданд. Дар ҷараёни намоиш донишҷӯён аз таърихи куҳани халқи тоҷик ба худ баҳра гирифта барои равшани бахшидани ҷаҳони маънавӣ аз ин макони фарҳангию таърихӣ  бебаҳо истифода бурданд.

Дар қисмати  боздид аз қалъаи таърихӣ гузар намуда  аз қисмати толорҳои намоишӣ , доир ба рушду таъмири азнавсозӣ бо санъати нотакрори тасвирӣ, кундалкорӣ, гаҷкорӣ ва кулли ёдгориҳои таърихӣ гузошта шуданд , маълумоти бештар гирифта  ба худ як ҷаҳон  ғизои маънавӣ  бардошт намуданд.    Зикр намудан  ба маврид аст, ки агар тамошобин ҳамаи он воқеаву ҳодисаҳои таърихиро аз китобҳои бадеӣ хонда бошад, санъати волои гузаштагонро  дар ашъори  нигораву ашёҳо ва маводҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, бо чашми худ мебинад.

Инчунин дар идомаи бахши тамошо донишҷӯён аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ боздид  намуданд, ки роҳбаладон аз ҳар ҳавлии ҳунармандон назар намуда, оид ба фаъолияти онҳо ҳикоятҳои ҷолиб намуданд. Аз ҳаёти зисти гузаштагон ва рӯзгори хоксорона доштан  бо ҳунарҳои  аҷдоди машғул ва эҳё намудан , маълумоти мухтасар доданд.

Воқеан, ин иқдоми нек аз ҷониби ташаббускорон бисёр муҳим буда, бахусус барои донишҷӯёну толибилмон   боздид аз чунин макони таърихию фарҳангӣ  ба кас ҳаловати  маънавӣ  бахшида, барои баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва ватандӯстӣ замина мегузорад.

Валӣ Набизод- котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДидан намудан аз осорхонаи таърихӣ
Scroll to Top