Ҳамагон, шояд дар айёми кӯдакию наврасӣ дар гирди сандалӣ ҷамъ омада аз гузаштагони худ , дар бораи фарорасии чиллаи зимистон борҳо нақлҳои ҷолиберо шунида бошанд. Онҳо гуфта бошанд, ки пеш аз чилла ҳилла меояд, баъд аз он чилла медарояд ва баъди чилла боз ҳиллаи зимистон сар мешавад.
Дар ҳақиқат, имрӯз вақте ки аз касе “чилла чист?”-гӯён мепурсем , ҷавоби дурусту саҳеҳро гирифта наметавонем. Аксарияти мардум ба таври аниқ ва дуруст наметавонанд, кӣ чӣ вақт чилла медарояду он кай мебарояд. Вақте ки ҳаво каме сарду шамоли тунд мевазаду барфи талотуми зарра – зарра меборад, мегӯянд, ки ана чилла даромадааст.
Бояд гуфт, ки дар асоси солшумории ниёгонамон эътидоли баҳору тобистон ва тирамоҳу зимистон ба назар гирифта мешавад, яъне санаи 20- ум ё 21 – уми март шабу рӯз баробар мегардад. Дар ин рӯз иди Наврӯзро мардум ҷашн мегиранд ва мутобиқи солшумории шамсӣ ин сана рӯзи якуми баҳор ҳисобида мешавад. Яъне, фасли баҳор 90 рӯз идома меёбад, сипас фасли тобистон ворид мегардад.
Мавсими фасли зимистон бошад, мувофиқи ин солшуморӣ санаи 21-уми декабр шуруъ мешавад ва аз ин сана то 21-уми март давом меёбад, ки ин муддат 90 рӯзро дар бар мегирад. Барои муайян намудани чиллаи зимистон, одатан аз санаи 22-уми декабр , яъне оғози зимистон то 15-январ 25 рӯз партофта мешавад. Баъдан аз 16-уми январ чил рӯз шуморида мешавад, ки ба 24- уми феврал рост меояд ва боқимонда 25 рӯз низ ба ҳисоби фасли зимистон зам карда мешавад.
Одатан мардум чил рӯзи мобайниро, ки аз 16-уми январ то 25- уми феврал идома меёбад, чилла мегӯянд ва 25 рӯзи аввал ва 25 рӯзи охириро ҳилла мегӯянд. Зеро дар ҳилла гоҳо ҳаво хунук ва гоҳо гарм мешавад. Чиллаи зимистон мувофиқи , баъзе аз олимон ва як қишрҳои табақаҳои ҷомеа мегӯянд, ки аз 21 – декабр оғоз мегардад, ки ин шабро “шаби ялдо” мегӯянд. Сабаби ҷашн гирифтани “ шаби ялдо” ҳамчун шаби зоиши Меҳр ё худ Хуршед аз он иборат аст, ки офтоб аз бурҷи қавс мебарояд ва ба бурҷи ҷаддӣ дохил мешавад, ки инро инқилоби зимистон меноманд. Мувофиқи назари олимон аз ҳама рӯзи дарозтарин 22- июн ва шаби дарозтарин 21- декабр будааст. Дар шаби “ялдо” , ки рӯзи аввали зимистон аст, моҳияти муборизаи нуру зулмат, торикию равшанӣ дар авҷи аълояш зоҳир мегардад ва ногузир нур ба зулмат ғалаба мекунад, чун бо дамидани субҳ дар рӯзи дигар рӯзҳо дарозтар ва тобиши нури офтоб афзунтар мегардад. Ин афзудани рӯз то фаро расидани Наврӯз ё худ баробар шудани шабу рӯз идома мекунад. Яъне, калимаи “ялдо” ба маънои таваллуд ё “навидрӯз” ҳам омадааст. Зеро он навиде аз баҳор дар оғози зимистон ба ҳисоб мерафтааст, ки баъзан дар фасли зимистон ҳам рӯзҳои гармро мушоҳида кардан мумкин аст ва инро мардум “чиллабаҳор” ҳам мегӯянд.
Бале, фасли зимистонро ҳокими сардӣ ҳам мегӯянд, вале орзумандем, ки дар ин чиллаи фасли зимистон ҳамагон сиҳатманду саломат ва шукргузор бошанд.
Валӣ Набизод- котиби маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”