Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дидор аз оина таърих

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 13 – уми декабри соли 2024  дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд,  ба шаҳри  Хуҷанд, гуруҳи ҳайати меҳмонон бо роҳбарии Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ  дар Тоҷикистон,муҳтарам Джон Сонг Шик   ташриф фармуданд.

 Дар ҳошияи сафари корӣ бо мақсади шиносоӣ аз таърихи қадимаи халқи тоҷик ҳайати меҳмонон бо шахсони масъул аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанд МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” дидан ба амал намуданд.

    Дар даромадгоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, меҳмононро шахсан Иброҳим Иброҳимов, Омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” пешвоз ва хайру мақдам гуфт.

     Сипас, гурӯҳи ҳайати  меҳмононро роҳбалади  муассисаи мазкур Мирзоева Иноятон сайри осорхонавӣ гузаронида, аз  таърих ва тамаддуни қадимаи халқи тоҷик, бозёфтҳои ёдгориҳои таърихӣ, ҳунарҳои мардумӣ, асарҳои безаволи шоирон дар зершиша бозёфтҳои қадимаи нодир ва дигаре маълумоти бештар иттиллоъ дод.

    Меҳмонони олиқадр аз боздиди чунин намоиши таърихӣ изҳори нигарон намуда ба китоби “Меҳмонони фахрӣ” соядаст  ёддошт намуд:

   “ Ман хеле шодам, ки дар бораи таърихи Хуҷанд махсусан аз замонҳои қадим шиносоӣ пайдо намудам. Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон хело таърихи  тӯлонӣ дошта, фарҳангу таърихӣ беназир дорад. Равобити пояи дӯстӣ ва ҳамкорҳои муносибатҳои ду кишвар боз мустаҳкам хоҳад гашт.”

          Бо эҳтиром, Джон Сонг Шик

   Сониян, сайри осорхонавӣ идома бахшида шуда, роҳбалад Алишери Меҳринисо аз макони таърихии Қалъаи таърихии Хуҷанд ошно намуд. Меҳмонон аз толорҳои намоишии таърихии гузар намуда бо давраҳои гуногуни таърихи тамаддуни миллати тоҷик аз санъати меъморӣ, тасвирӣ, кундалкорӣ, гаҷкорӣ, ашёҳои нодири таърихӣ ва инчунин аз толори давраи истиқлол шинос гардида аз санъати нотакрори халқи тоҷик барои аз нав зинда намудани оинаи таърихи миллати тоҷик хело  баҳои баланд доданд.

 Пас аз боздид, зимнан ҳайати гуруҳи меҳмонон ба роҳбарияти муассисаи мазкур ҷиҳати фароҳам овардани чунин иқдоми неки дӯстона ва истиқболи самимӣ изҳори сипос намуданд.

Шовазир Муродҷони- роҳбалади Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДидор аз оина таърих
Scroll to Top