Дар асл, ҳунари мардумии бофандагӣ, яке аз қадимтарин ҳунарҳои аҷдодӣ ба шумор меравад, ки тарзи суннати аз ресмон бофтани матоъ, карбос ва амсоли инҳо дар дастгоҳи бофандагӣ, ки бо тавассути бофанда ба анҷом расонида мешавад. Дигаре бошад, дар дастгоҳи бофандагӣ тору пудро аз якдигар ворид намуда, онҳоро бо ҳам мебофанд.
Ҳунармандони касбӣ ин ду дастаи риштаҳоро аз ҳамдигар гузаронида гиреҳ мезананд ва дар натиҷаи баҳамдигар омехта гаштани тӯлу арзи онҳо аз фишурда гаштани тору пудҳо матоъ ва ё порча ҳосил мешавад. Асосан олотҳои бофандагӣ чарх, ҳаллоҷӣ, дӯкон, чӯбҳои махсус, шона ва ғайраро ташкил медиҳанд, ки ҷиҳози бофандагӣ асосан халлоқӣ, чарх, дӯкон мебошад. Халлоқӣ ё чириқ ҳам меноманд, ки асбобест бо он пахтаро аз чигит тоза мекунанд. Дӯкон – дастгоҳи бофандагӣ мебошад, ки дар он матоъҳои пахтагин, абрешимин ё пашмин мебофанд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки дар қисми шимолу шарқии Қалъаи таърихии Хуҷандӣ Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии”Қалъаи Хуҷанд”, бунёди маҳаллаҳои қадим ба чашм мерасад. Ин намунаҳои қадимаи маҳаллаю ҳавлиҳо асосан мансубияти табақаи тоҷиру ҳунармандон ва дигар қишри ҷомеаи мадании шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта, эҳё ва бунёди он фароҳам овардани анъанаву суннатҳои қадима, бахусус бо ҳунари ҳунармандони мардумӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намудан равона гардиааст. Бояд гуфт, ки бунёди намунаи ҳашт ҳавлии қадимаи шаҳри Хуҷанд пурра бо масолеҳи маҳаллӣ бо лойу гил ва чӯб сохта шуда, дарвозаҳояш ва сақфи ҳавлӣ пурра кандакорӣ ва нақшу нигор карда шудааст, ки ба худ номгузорӣ карда шудааст. Масоҳати ҳар яке аз онҳо бо шаш садяк заминро ташкил медиҳад, ки саҳнаи ҳавлиҳо бо дарахтони мевадор, токи ангур ва гулу гулбуттаҳо оро дода шудаанд. Ҳунармандони маҳаллӣ бо ҳунари кундалкорӣ, рассомӣ, наққошӣ, қолинбофӣ, бофандагӣ, дуредгарӣ, сангтарошӣ, оҳангарӣ ва кулолгарӣ машғул мебошанд.
Яке аз ин ҳавлиҳо ҳавлии бофандагӣ мебошад, ки ҳунармандон бо бофтани матоъҳои адрасу атлас, алоча, беқасаб ва ғайра машғул ҳастанд. Айни замон ин ҳунари дастии авлодӣ ба шумор рафта, нозукиҳои ҳунари ниёгонро Ҳоҷиева Назокат – мутахассиси пешбар оид ба бофтани атласу адрас, ки ҳунари аҷдодии аз бобову падар мерос мондаро идома дода, нусхаҳои зебову навинро ихтироъ ва ба растаҳои фурӯши маҳсулот, ки дар назди қалъаи таърихӣ мавҷуд аст, пешкаши меҳмонону сокинон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ мегардонанд .
Бале, аз азал мардуми тоҷик зебопараст буда дар тӯли ҳазорсолаҳо ин зебогии нақшу нигорро аз ҷониби ҳунармандони мардумӣ офарида истодаанд.
Мусаллам аст, ки инъикоси анъанаҳои миллӣ ва даҳҳо касбу ҳунарҳои дигари миллӣ мавҷуданд, ки то давраи замони мо омада расиданд, бахусус ҳунари бофандагӣ дар офаридани осорҳои ҳунарҳои мардумӣ , ифтихори санъати миллӣ ва такмил бахшидан ба маҳорати эҳёи ҳунарҳои мардуми мусоидат хоҳад кард.
Валӣ Набизод- котиби маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”