Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Тасвири симои инсони бунёдкор

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Тасвири симои инсони бунёдкор

Дар интиҳои асри XX , ки Тоҷикистони маҳбубамон баъди ҳазор солаҳо соҳиби истиқлол гардид, ки шинохти таъриху фарҳанг, суннатҳои аҷдодӣ, урфу анъанаҳои миллӣ ва корнамои шахсиятҳои маъруфи гузашта бо иродаи қавӣ, матонат ва фидокорию садоқатмандии  халқу миллат соҳиб гардидааст.

Дар баробари кордониву ҷаҳонбинии  шахсони барӯманди халқи тоҷик,  устодони санъати тасвирӣ  симои инсонҳои бунёдкору заҳматкаш ва далеру ватандӯстро  борҳо  эҷод ва офаридаанд . Бозтоби чунин  симои шахси созандаву  бунёдкор  Саидхоҷа Урунхоҷаев ( 1901 – 1967) , ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, хоҷагидори кордон, раиси колхози “Москва”, вакили анҷуманҳои Совети Олии ҶШС Тоҷикистон ва ИҶШС буд, аз ҷониби рассоми моҳири тоҷик Хушвахтов Х.Д офарида шудааст. Ин симои бузурги миллат дар тан либоси миллии бо фарҳангӣ тоҷикона , дар гӯшаи  толори намоишии санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумии Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, баҳри тамошобинон гузошта шудааст, ки  таваҷҷуҳи меҳмонони хориҷиву дохилиро ба худ ҷалб мекунад.

Қайд  намудан зарур аст, ки симои инсони пахтакори асили соҳаи кишоварзӣ,  дар шароити имрӯза муҳиму рӯзмарра буда, насли наврасу ҷавононро дар руҳияи меҳнатдӯстӣ раҳнамоӣ мекунад. Ба кас пӯшида нест, ки инсон маҳз дар натиҷаи меҳнати суботкоронаи шабонарӯзиаш  ҳамаҷониба ташаккул ёфта хислату ҷаҳонбинӣ ва  фитрату азалиаш  шакл мегирад. Тасвири симои инсони бунёдкор Саидхоҷа Урунхоҷаев дар инъикос ва баррасии масъалаҳои мухталифи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, маърифату ҳодисаҳои падидаи замон нақши калон дорад.  Бояд гуфт, ки  дар офариниши поядевори макони корзору сулҳу ваҳдат сохтани иншооти азими аср,  муаррифии бунёди “Қасри Арбоб” саҳми босазое гузоштааст.

Ҳоло бошад, қасри боҳашамати Арбоб, ки ба монанди як зумра иншоотҳои нодири ҷаҳон Кремлу Тоҷмаҳал ва аҳромҳои  Мисру манораҳои  Эйфел, чун мавзеи таърихиву фарҳангӣ, илму маърифат, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ ва зиёратгоҳи сайёҳони кишварҳои дуру наздик ва меҳмонон аз манотиқи гуногуни кишвар машҳур гардидааст.

Воқеан, Қасри Арбоб бо шарофати баргузор гаштани Иҷлосияи таърихии XVI  Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  маҳбубияти баланд  соҳиб гашта , чун макони таърихии тақдирсоз  шинохта шудааст.

Валӣ Набизод- котиби маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТасвири симои инсони бунёдкор
Scroll to Top