Агар ба фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ назар афканем, маънои сандалӣ - чорпояи махсусе, ки дар дохили он лахчаи нимсӯхтаи чӯб, ангишт гузошта ба рӯяш кӯрпа андохта дар гирдогирдаш мешинанд.
Дар асл, мардуми тоҷик аз қадимулайём то имрӯз дар мавсими фарорасии фасли зимистон барои гармшавӣ аз сандалӣ истифода мебаранд. Дар урфият мардум сандалиро “бухории бобои” ҳам мегӯянд. Яъне, сандалӣ воситаи гармидиҳӣ буда, фасли сарди зимистон ба аловдони махсус лахчаҳои гармро гузошта , дар атрофаш ҷамъ меоянд. Сандалӣ дар байни халқҳои Шарқ, аз ҷумла халқи тоҷикон аз асрҳои миёна маълум буд, ки гузаштагон мегуфтанд, пой ки гарм шуд, тани инсон ҳатман гарм мешавад. Ҳатто калонсолон мегӯянд, ки замоне буд дар берун ҳаво хунук барф борида истодааст, даричаҳои тирезаи хона кушода ва бо тани гарму рӯйи сурх менишастем.
Дигаре бошад, дар қисми поёни пояҳои сандалӣ барои пойҳоро гузошта нишастан, тахтачаҳоро ба шакли чиллик мустаҳкам мекунанд, ки онро “гурбадавак” меноманд. Дар баъзе мавридҳо мардум ба қисми болоии пояҳои сандалӣ тахтачаҳоро тарзе пайваст мекунанд, ки барои зарфи хӯрокдор гузоштан мувофиқ буда, он “ошмонак” ном дорад. Ба аловдони сандалӣ хока ва лахчаи ангишт мегузоранд ва ба сурфачаҳои аловдон отташкоб, оташгирак, чойҷӯш ё чойники об гузоштан мумкин аст. Мардум одатан дар фасли сармо ба болояш кӯрпаи калон партофта пойҳои худро ба даруни он дароз намуда дар атрофаш менишинанд, ки ба кас роҳати ҷон мебахшад. Сандалӣ бошад, дар айни ҳол вазифаи мизро низ адо мекунад, ки ба болояш дастурхон кушода таом мехӯранд ва шаклаш мураббаъ буда, андозаи он 70х70 см, баландиаш 60-70 см-ро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки устоҳои ҳунармандони мардумӣ онро бештар аз чӯби дарахтони тут, чормағз, зардолу ё аз арча омода месозанд.
Қобили зикр аст, ки ҳамарӯза барои аз наздик шинос гардидан аз макони таърихию фарҳангӣ меҳмонони зиёд, бахусус сайёҳони хориҷӣ аз ҳавлии тоҷири Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан мекунанд. Ҳини дидан меҳмонон аз санъати меъмории халқи тоҷик ба сандалӣ, ки ба болояш лаганди калони мисин бо хушкмеваю қандалоту шириниҳои миллӣ гузошта шудааст, бештар ҷалб мекунад. Албатта, роҳбаладон ба меҳмонон оиди истифодабарии сандалӣ ва бештар аз таърихи он маълумотҳои мушаххас медиҳанд, ки басо рамзист.
Воқеан, тарзи истифодабарии сандалии ниёгони халқи тоҷик то ҳоло дар деҳоту қишлоқҷойҳои кишвар боқӣ мондааст, ки чун манбаи гармидиҳӣ дар фасли сармои зимистон истифода мебаранд.
Валӣ Набизод- котиби маркази иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”