Фасли зимистон яке аз 4- умин фасли сол мебошад, ки айёми сардӣ, яъне хунукӣ буда, дар ин давра набототу табиат, аз ҷумла дарахтону гулу гулбуттаҳо аз парвариш боз мемонанд. Дар ин айёми фасли зимистон бо боришоти барф шамоли тунду хунукии қаҳратун шабу рӯз сардӣ ҳама ҷойҳоро фаро мегирад.
Мутассифона фасли зимистон на дар ҳамаи давлатҳои дунё якхела хунукӣ меорад. Масалан , зимистон дар кишвари Тоҷикистон дар моҳи декабр фаро мерасад, вале дар кишварҳои Австралия, Чилӣ, Мадакаскар, Перу одатан зимистон моҳи март оғоз мегардад. Дигаре бошад, фасли зимистон дар қисмати шимолии Ҳиндустон бо барфу яхбандӣ бошад, дар ҷануби он ҳаво гарм аст, ки дар оби наҳр бемалол оббозӣ карда мешавад.
Аз қадимулайём , фасли зимистонро давраи сардӣ меноманд, ки азобу машаққати худро дорад. Дар таърих ин фаслро ҳамчун фасли марг ҳам мегӯянд, чунки дар ин фасли сардӣ дар баъзе минтақаҳои дурдаст ҳарорати шадиди хунукиаш баланд , бештар одамон, набототу ҳайвонотҳо ва парандаҳо талаф меёбанд. Сабаби сард шудани зимистон дар он аст, ки офтоб одатан дар моҳҳои декабр қисмати ҷанубии сайёраро бештар гарм мекунад , аз сабаби кам будани нури офтоб дар қисмати шимолии кураи замин минтақаҳо хунукӣ ҳукмфармо мегардад.
Дар асл, агар ба табиати манзараи фасли зимистон назар кунем, дар доманакӯҳҳо, дарахтзорҳо вақте ки пур аз барф аст, хело зебову дилрабо менамояд. Дигаре бошад, барои наврасону бачагон фасли зимистон, ки ба таътили зимистона мебароянд, айёми барфбозӣ, сохтани бобои барфӣ, яхмолакбозӣ, пешвозгирии ҷашни солинавӣ оғоз мегардад. Аммо сардию яхбандиаш бо зебогиву нуқрагинаш дар хиёбону кӯчаҳо вақте инсон гузар мекунад , ҳавои сардӣ нармии барфи алмосӣ ба рухсораи гарм дона- дона мезанаду қалбҳоро равшан мегардонад. Лек, тамошои боришоти барф аз паси шишаи тирезаи хонаи гарм таскинбахш асту ҳаловати нотакрор дорад, ки ҳама ҷойҳо хунуку барфи сап- сафед, дар гирди сандалӣ ё бухорӣ ҷамъ омадани аҳли хонавода, сукути зебогии шабҳои дароз, покизагии ҳавою нафас ба инсон илҳоми тозаи умедбахшро ҳадя мекунад.
Гузаштагони ниёгони мардуми тоҷик одатан дар оғози фасли зимистон дар ҳамаи маҳаллаҳои гирду атрофи шаҳри Хуҷанд , ҳар хонавода бо забҳ намудани чорво гӯшту равған захираи зимистона менамуданд. Лек, барои кӯдакону наврасон фурсати қулай барои бозӣ бурида гирифтани порчаи пӯсти пашми ҳайвон каме ба он як тангаи қӯрғошим пайваст намуда ланкабозӣ мекарданд. Зиёда аз ин дар ҳар хонавода, занҳо ва духтарон бо пухту пази хӯрокҳои гуногуни серғизо, шириниву кулчақанд ва чалпаку таомҳои хамирӣ машғул шуда , дар як вақт сари сандалӣ ҷамъомада аз модару модаркалонҳо ҳунари қадимаи дӯзандагиро меомӯхтанд. Агар ин давраи зимистон фурсати қулай барои омӯзиши ҳунари мардумӣ бошад, дигаре мавсими истироҳату фароғатӣ барои марди деҳқон баъди анҷоми корҳои саҳроӣ ва ҷамъ намудани қувваи ботини барои корҳои минбаъдаи кишоварзӣ будааст.
Боз умедвор мешавем, ки ба фасли дигари сол боз баҳори нозанин омада мерасад, ҳама ҷо аз нав қабои дигар ба бар мегирад, дашту чаман сабзапӯш, лаби ҷӯйборҳо гулу райҳон сар бароварда бӯйи муаттари худро ба атроф паҳн менамояд.
Аммо ҳоло бошад, фасли зимистон бо шамоли тунди хунук ва барфу сардиҳояш ҳукмронӣ мекунад . Гуфтан ба маврид аст, ки барои беталаф ва эмин нигоҳ доштан аз сардии зимистон тамоми таҷҳизотҳои истифодабарии муҳаррикҳои барқӣ аз ҷониби мутахассисони шуъбаи техникии Муассисаи давлатии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” минҷумла, фаввораҳою шаршараҳо бо маводҳои муҳофизати бандубаст ва инчунин ҳавзи захиравии Чорбоғи хонаи Камоли Хуҷандӣ холӣ карда шудааст.
Албатта, фасли зимистон ин қонуни табиат аст то он замоне ки баҳор аз худ пайк намедиҳад, ҳукмашро идома мебахшад. Ҳамаи фаслҳои сол зебоянд, лек фасли зимистон бо боридани барфи сафедаш боз зеботар аст.
Бигзор, дар ин фасли зимистон барфи зиёд бораду зимистон зимистониашро кунад. Барои ҳамин зимистон бояд зимистон бошад!
Гузаштагон мегуфтанд, ки барф кӯрпаи замин аст, зеро ки барфаш захираи пиряхҳо, афзунии об, сардиаш марги ҳама гуна намуди ҳашароти зараровару микробҳо ва аз ҳама муҳимаш хушҳолии кӯдакон мебошад, ки ҳеҷ аз барфбозӣ хуморашон намешиканад. Пас, бигзор барф бораду боридан гирад, чунки зимистон айёмӣ сардӣ аст.
Валӣ Набизод- котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”