Санаи 06- ноябри соли 2024 ҳайати гуруҳи меҳмонони расмӣ бо сарварии Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон , дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд. Дар ҳошияи сафари корӣ бо мақсади дидан намудан аз Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо намояндагони шахсони масъул боздид ба амал оварданд.
Зимни мулоқоти самимӣ Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов меҳмононро пешвоз ва хайру мақдам намуд. Сипас, меҳмононро дар сатҳи баланди илмӣ Мирзоева Иноятхон- роҳбалади дараҷаи олӣ аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, макони таърихиву фарҳангии халқи тоҷик дарак медиҳад, ошно намуд
Дар қисмати боздиди сайри осорхона Алишери Меҳринисо гуруҳи ҳайати меҳмононро аз макони бинои бошукуҳи Қалъаи таърихии Хуҷанд аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ шинос намуд. Меҳмонон аз толорҳои намоиши гузар намуда аз санъати тасвирӣ, ки намуди зебогиву боҳашамати нотакрори исботи таърихи куҳани миллати тоҷиконро бо эҷодиёти ҳунарҳои мардумӣ инъикос ёфтааст, ошно намуд. Дар фарҷоми боздид сафири муҳтарам, Раҷиш Ивайк дар китоби “Меҳмонони фахрӣ” таассуроти хешро ёддошт намуд:
"Ман аз боздид аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанд, ки қадимтарин осорхонаи Тоҷикистон баназдикӣ 100-солагии худро ҷашн мегиранд, хеле хурсандам. Асарҳои санъат, намоишгоҳҳо ва ашёҳои антиқа ба тарзе нигоҳдорӣ ва намоиш дода шудаанд, ки таърихи бой ва фарҳанги халқи миллати Тоҷикистонро баён мекунанд.
Ман аз роҳбарият ва кормандони осорхонаи таърихиву фарҳангӣ барои нигоҳ доштани маводҳои нодири таърихӣ дар сатҳи баланд хело миннатдорам”.
Холматов Азизбек - Роҳбалади Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”