Бо ташаббуси директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Абдураҳмон Пӯлотов ва дастгирии Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон зери сарпарастии ташкилоти International Visitor Leadership Program (ILVP) санаҳои 18 – 23 ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Бостоншиносӣ дар осорхонаҳо: аҳамияти ҷамъоварӣ, ҳифз ва ба намоишгузорӣ» гузаронида шуд. Дар семинари мазкур намояндагони осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон (10 нафар) ва инчунин Маҳмудов Нурулло - корманди илмӣ аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд” иштирок намуд.
Ҳадаф ва мақсади семинари омӯзишӣ баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбии кормандони осорхонаҳо буд ва дар тӯли фаъолияти ҳафтаи корӣ ба иштирокчиён аз ҷониби Абдувалӣ Шарифзода, Сангалӣ Сангинзода, Парвина Абдуллоева, Рустам Бурҳонов ва Мануҷеҳр Раҳмонов - мутахассисони соҳаҳои осорхонашиносӣ ва бостоншиносӣ, вобаста ба мавзӯъи семинар маърӯзаҳои илмӣ шунида шуд.
Бояд гуфт, ки диққати асосӣ ба масъалаҳои тармими ашёҳои бостоншиносӣ (муҷассамаҳои гилин, деворнигораҳо ва ашёҳои филизин) равона гардида дар ин бобат бевосита аз тарафи тармимгарони ботаҷрибаи Осорхонаи Миллии бостонии Тоҷикистон ва Осорхонаи Миллии Тоҷикистон маърӯзаҳои ҷолиби дақиқ пешниҳод гардид. Инчунин ба ғайр аз дарсҳои лексионӣ – назариявӣ, ки қисмати асосии барномаро ташкил мекард, дарсҳои амалӣ ҳам гузаронида шуданд. Дар идомаи барнома сайри илмӣ аз ҷониби мутаххасисон оид аз наздик шиносоӣ пайдо намудан аз лабораторияҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар фарҷоми семинари омӯзишӣ сертификат аз ҷониби роҳбарияти муассисаи мазкур ба иштирокчиён сарфароз гардонида шуд.
Маҳмудов Нурулло – ташхисгар-реставратор