Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Завқи меҳмонон аз Садои Хуҷанд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Шоистаи таъкид аст, ки шаҳри Хуҷанд яке аз марказҳои илмиву фарҳангӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва маъмуриву сиёсӣ ба шумор меравад. Албатта, дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ бештар гардида  чун макони таърихию саёҳатӣ шинохта шудааст.

Дирӯз бо ташаббуси Бобоҷонов Қурбонҷон- координатор оид ба фарҳанги маркази илмии Русия дар шаҳри Хучанд,  гуруҳи меҳмонон  экспедитсияи якҳафтаинаи Барномаи байналмиллалии волонтёрони «Сафири забони русӣ дар ҷаҳон» ба вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд.

Аз фурсати қулай гуруҳи 14- нафараи меҳмонон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд боздид ба амал намуданд. Роҳбалади осорхона мазкур- Даврон Тошматов   меҳмононро тавассути намоиши сайругашти аудиоӣ дар бар дастгоҳи махсуси овозии иттилоотдиҳанда ба истилоҳ «аудиоспектакл- променад» бо номи «Садои Хуҷанд», роҳи нави шиносоӣ бо таърих ва фарҳангӣ аз қиссаҳои ҷолиби замони гузашта ва тариқи тасвирӣ аз Боғи фароғативу фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандӣ гузар намуда маълумоти бештар гирифтанд.

Дар навбати худ меҳмонон як ҷаҳон маънӣ бо  василаи дастгоҳ, ки бо забони русӣ садо дод сайру гашт намуда аз мероси гаронбаҳои халқи тоҷик  огоҳӣ пайдо намуданд. 

Барои маълумот. «Сафирони забони русӣ дар ҷаҳон» як барномаи байналмилалии волонтёрӣ мебошад, ки бо ибтикори Донишкадаи давлатии забони русии ба номи А.Пушкин бо дастгирии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия аз соли 2015 оғоз шудааст.

Ҳадафи лоиҳа таблиғи забон, фарҳанг ва адабиёти рус дар Русия ва Тоҷикистон, инчунин, рушд ва таҳкими шарикии байни донишгоҳҳо ва байналмилалӣ, тарғиби арзишҳои фарҳангӣ ва ташкили муколамаи фарҳангҳо мебошад.

Валӣ Набизод- котиби маркази иттилооти МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд»

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЗавқи меҳмонон аз Садои Хуҷанд
Scroll to Top