Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Наврӯзи маҷмаа

User Rating:  / 2
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Наврӯзи Аҷам дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бо гузоштани деги Суманак ва пухтани он оғоз гардид. Аҳли ҷомеаи меҳнатӣ бо мақсади муттаҳидӣ, файзу баракат ва фаровонӣ ин суннати аҷдодиро ба ҷо оварда, бо кофтани деги Суманак ҳар яке шукри истиқлолу хонаи обод ва дастархони серу пурро мекарданд.

Кормандони Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дар рӯзҳои тантанаи наврӯзӣ барои қабули меҳмонон пурра омода буданд. Дар ин ҳангом аз маҷмаа Орумбекзода Шамсиддин-Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аскар Ҳаким-Шоири Халқии Тоҷикистон, Аҳмадҷони Раҳматзод-Раиси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳи меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон Аслиддин Қамарзода-нависанда, адабиётшинос, устоди Донишгоҳи олии шаҳри Самарқанд, Маниёз Мӯсоев-корманди Институти шарқшиносии шаҳри Тошканд, Ориф Навшоҳӣ-забоншиноси форсу тоҷик аз Покистон ва сайёҳони зиёди дохиливу хориҷӣ дидан намуданд, ки ба ҳамаи онҳо сайри илмӣ гузаронида шудааст.

Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ дар ин рӯзҳо хеле серодам буд. Лолаҳои ҳолландӣ ва гулҳои баҳорӣ ба ҳусни ин макон ҳусни дигар зам менамуданд. Баъди бо тарҳи нав ба фаъолият оғоз намудани боғ ва таъсиси «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» сафи тамошобинон хеле афзудааст, ки нишондоди он танҳо дар як ҳафтаи наврӯзӣ наздик 3000  нафарро ташкил медиҳад.  

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНаврӯзи маҷмаа
Scroll to Top