Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Горелеф – санъати барҷаста

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Горелеф - яке аз намудҳои санъати  тасвирӣ ва ҳайкалтарошие мебошад, ки тасвири барҷастаи симои инсон ё нақшунигорро  дорад.  

Он аз калимаи фаронсавӣ гирифта шуда, маънояш релефи барҷаста мебошад. Чунин тасвирот аз сатҳи замини асар ба андозаи аз нисф баландтар мебошад. Горелеф ҳамчун санъати тасвирӣ ва наққошӣ дар ороиш ва пардози интерери биноҳо истифода мешавад. Дар горелеф персонажҳои  инфиродӣ, ашёҳо, композитсияҳо ва саҳнаҳои абстрактиро нишон медиҳанд. Онро метавонем ҳам дар дохили бино ва ҳам дар қисмати берунаи он истифода барем. Маводи маъмуле, ки асосан барои омода намудани горелеф  истифода мешавад ин гаҷ аст. Аммо дар баъзе ҳолатҳо санг, гил ё гили сохтмонӣ  (пластик) истифода мешавад.

Дар толори намоишии “Истиқлоли Тоҷикистон”- и Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ин намуди ҳунар ба таври васеъ, дар ду самт нишон дода шудааст. Дар  самти чап маҳсули кори  Давронҷон Раҳматов  нишон дода шудааст, ки мавзӯъҳои зеринро дар бар мегирад. 

Горелеф аз эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад. Аввалин санади ҳуқуқие, ки истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард, Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қабул шудааст. Ҳодисаи  моҳи августи соли 1991 дар пойтахти ҳамонвақтаи ИҶШС  шаҳри Маскав рух додани табаддулоти давлатӣ ва шикасти воқеии ИҶШС ҳамаи ҷумҳуриҳои ҳамонвақтаи онро водор намуд, ки истиқлолияти худро  аз нав баррасӣ намоянд. Ҳамин тариқ дар таърихи давлати Тоҷикистон санаи 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуд.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократӣ пайдо шуданд. Зиддиятҳои дохилӣ байни ин ҳизбу ҳаракатҳо бо Ҳизби Каммунистии Тоҷикистон бо задухӯрди намоишчиён бо ҳукумат анҷомид ва он оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гардид.

Ягона роҳи халосои аз вартаи беҳокимиятӣ ва хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ даъвати Иҷлосияи Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз ин рӯ, мардуми тоҷик аз Иҷлосия умеди бузург дошт. Иҷлосияи 16 -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони гурӯҳҳои мухолиф ва фармондеҳони саҳроӣ,  аз 16.11.1992 то 2.12.1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд бо мақсади барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ доир гардид. Дар Иҷлосия вакилони мардумӣ истеъфои Президент Раҳмон Набиевро тасдиқ намуда, ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд ва ӯ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон -  роҳбари давлат интихоб гардид. Иҷлосия барои ба ҳам омадани тарафҳои мухолиф бунёди устувор гузошт. Аҳаммияти бузурги Иҷлосия дар он буд, ки волоияти қонун  барқарор шуд ва ҳалли масъалаҳои муҳими сиёсӣ  бо роҳи конститутсионӣ шурӯъ гардид. Дар горелеф лаҳзаи интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмонов ҳангоми савгандёдкунӣ дар  Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии ҶТ, аз тарафи чап собиқ вазири саноат, вакили мардумии Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорхон Муҳиддинов, аз тарафи рост вакили мардумӣ Каромулло Қодиров дар даст парчам ва Абдуҷабборов Туған тасвир ёфтаанд

Ҳамчунин, дар ин радиф Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва он аз  10 боб ва 100 модда иборат аст. Ба Конститутсия 3 маротиба – 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Боиси зикр аст, ки айни ҳол Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори панҷгонаи беҳтарини Конститутсияҳои ҷаҳон қарор дорад.

Дар охир Артиши миллии Тоҷикистон, ки ҷамъи қувваҳои мусаллаҳи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали 1993 аз ҳисоби гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки ҳукумати конститутсониро тарафдорӣ мекарданд, бо мақсади ҳимояи кишвар ташкил карда шуд, тасвир гардидааст. Айни ҳол Артиши миллии Тоҷикистон аз се намуди қӯшун: Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ва Қӯшунҳои зудамал иборат аст. Боис ба зикр аст, Сарфармондеҳи Олии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Ҳамин тариқ дар як муддати кӯтоҳ шахс метавонад, тавассути ин санъати навин бо марҳилаҳои муҳим ва таърихи вазнини ба даст овардани Истиқлолияти давлатии миллати тоҷик  шиносоӣ пайдо намояд. Имрӯз мо ҳар як фарди бонангу номуси кишвар  бояд ба қадру қиммати ин неъмати бебаҳо бирасем, зеро  оромӣ, осудагӣ ва сулҳу суботе, ки дар кишвари азизамон аст, худ ба худ ба даст наёмадааст.

( Идома дорад...)

Саидова Дилором – корманди илмии

шӯъбаи таърих

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОГорелеф – санъати барҷаста
Scroll to Top