Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Айвон

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар асл, санъати ҳунарии мардумӣ дар ҳаёти мардум ҷойгоҳи хосае дошта, яке аз падидаҳои муҳими фарҳангӣ миллии тоҷикон мебошад. Дар роҳи рушди инкишофи ҳунарҳои мардумӣ барои аз байн нарафтан ҳамеша бо ҳаёти ҳунармандон зич алоқамандӣ дорад. Гуфта метавон, ки онҳо ҳисси зебопарастии гузаштагонро таҷассум мекунанд, ки имрӯзҳо анъанаҳои ҳунарҳои мардумӣ ҳангоми бунёди коҳу биноҳои таърихиву фарҳангӣ  корбаст ва дида мешаванд.

Айвон ( бо истилоҳи забони русӣ – беседка) , ки ҷузъи меъмории биноҳои муҳташам ва иқоматӣ мебошад, ки вобаста ба иқлиму шароити зиндагии мардуми Шарқ, бахусус ҳамчун нишастгоҳи барҳавои тобистона истифода мебаранд. Яъне ҷойе ҳаст, ки  хастагиро рафъ мекунад ва ба кас ҳаловат мебахшад.

Истифода аз ин дар биноҳои маъмурию ҷамъиятӣ, ки қисми ороиши таркибии онро  айвонҳои боҳашамати замонавӣ бо шакли кандакорӣ ва нақшу нигор оро дода шуда  аз ҷониби ҳунармандони мардумӣ сохта ба истифода дода мешаванд.

Қобили зикр аст , ки  бунёди чор айвони баркушову дилкаш дар ҳудуди Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”  аз ҷониби ҳунармандони моҳири шаҳри Исфараи вилояти Суғд  сохта шуданд. Зикр намуд, ки санъати меъмории айвони мазкур бо роҳнамоӣ ва маслиҳату машварати усто Бурҳонхӯҷа Алибоев ва Ҷӯрабек Мамадҷонов - шогирд  ба анҷом расонида шудааст , ки бинандаро мафтун ва  ба зебогиву мавзеъи макони қалъаи таърихию  фарҳангӣ шукуҳи шаҳомати хоса мебахшад.

   Гуфтан ба маврид аст, ки кандакорӣ усули коркарди бадеии чӯб буда, аз маъмултарин намуди санъати миллии тоҷикон  маҳсуб меёбад, ки сутунҳои айвони мазкур аз дарахти хуҷ бо равиши ислимӣ кандакорӣ карда шудааст. Даромади айвон ба ду самт тақсим мешавад, саҳнааш бо санги табии суфта карда шудааст. Баландиаш 10 метр ва бараш 6 метрро ташкил медиҳад ва болои бомаш бо масолеҳи махсуси сохмонӣ пӯшонида шудааст. Дар чор тарафи айвон  тарноби обрави занҷири дар ҳолати боридани борон об шорида мисли донаҳои марворид қатра – қатра  ба замин мерезад, инчунин дар атрофаш чор адад  гулдонҳо бо гулҳои рангоранги мавсимӣ оро дода шуданд.

Айвон  намудҳои гуногун дорад, ки аз ҷониби муҳандиси меъмори сохтмонӣ вобаста ба банду басташ онро танзим мекунад. Маъмулан аз тарафи ҳунармандони мардумӣ сақфу сутунҳои айвон мунаққашу кандакорӣ карда мешаванд.

Дар ҳунарҳои мардумӣ барои барпо намудани айвонҳо, ки қисмати санъати меъмориро ташкил медиҳад ва мавсими тобистон ҳамчун фасли истироҳатӣ ба шумор рафта, хусусиятҳои хоси худро дорад, ки аз дигар фаслҳо фарқ мекунад. Вақти дамгирӣ инсон мехоҳад дар ҷойи соя ва салқину барҳаво истироҳат кунад то ки   рафъӣ хастагиро аз худ дур намояд.

Дар ҳақиқат айвон ҷойе ҳаст, ки инсон ҳангоми сайру гашт дар фазои орому фараҳбахш бахусус шомгоҳон аз макони таърихию фарҳангӣ гузар намудан  бегумон  худро як ҷузъи тамошобин  эҳсос мекунад. Ҳини  вохӯрӣ бо ҳамроҳи дӯстону азизон сарҷамъ омада хотираҳои гуворотаринро бо суҳбати самимӣ анҷом медиҳанд, ки ба кас  ҳаловати хуши ҷисмонию равонӣ мебахшад.

Валӣ Набизод- котиби маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАйвон
Scroll to Top