Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тамоми мардуми сарбаланди кишвари Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар партави саодатбахши Парчами давлатӣ самимона табрику муборакбод намуда, барояшон саодатмандиву тандурустӣ, бахту иқбол,сарсабзиву комёбиҳоро таманно менамояд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи кишвари соҳибистиқлоли демокративу ҳуқуқбунёди миллати тоҷик буда , нишонаи олии тамаддунофарӣ, созандагӣ ва муборизаи халқи шарифи тоҷик дар роҳи озоду истиқлоли хайрхоҳ мебошад.
Шоёни зикр аст, ки мардуми сарбаланди тоҷик Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, якпорчагиву бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву ормонҳои худ медонанд, ки дар тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихору худшиносии миллӣ нақши хеле муҳим мебозад.
Бигзор, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ифтихори ҷовидонии миллат ва муҳаббату садоқати мардуми шарифи тоҷик ба Ватани соҳибихтиёру обод то абад парафшон бошад.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!