Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Парчами миллӣ- ифтихори мост ( Бахшида ба Рӯзи Парчам )

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳар як давлати соҳибистиқлол соҳиби муқаддасоти миллии худ мебошад, ки бо маънои таҳти парчам ба даст овардани мустақилият ва соҳибихтиёриро дорад. Аз ҷумла, дар қатори дигар давлатҳои мустақил  кишвари Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам дорои Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ  соҳиб гардидааст. Зикр намуд , ки дар забони тоҷикӣ маҳфумҳои “парчам” ва “дирафш” аз забонҳои бостонии ориёӣ ба вуҷуд омаданд.

Таърих гувоҳ аст, ки аҷдодони мо аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби рамз ва нишони миллӣ буданд. Вобаста ба парчамдории ниёгони абадқудрати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз  баромадашон  қайд  карда  буданд: “ Ҳанӯз дар ливои  Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нерӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад.”

Вале на ҳамагон шояд, аз таърихи пайдоиши парчам ва парчамдорӣ огоҳ ҳастанд. Андешаи истифодаи парчам ҳазорҳо сол пеш аз мо вуҷуд доштааст, аввалин парчамҳо хеле содаю оддӣ буданд ва аввалин касоне, ки парчамро истифода мебурданд, шикорчиён ва ҷанговарони қавмҳои гуногун будаанд. Нақши парчам дар ҷамоаи ибтидоӣ ё давраи то таърихӣ иборат аз муаррифӣ намудани ин ё он қабила ба шумор мерафт. Бо дидани парчами афроштаи қабилае, ки аз дуриҳо намудор мешуд, қабилаҳо вобаста ба муносибате, ки қаблан бо он доштанд ба тарзи муносибати шоистае ё дӯстона ва ё ҷанг омодагӣ медиданд. Аввалин парчамҳое, ки қавму қабилаҳои гуногун истифода мебурданд аз пӯсти ҳайвонот ё аз пари паррандагон сохта мешуданд. Масалан,  ҷанговарони Мисри қадим ба сифати  парчам чӯбдастаеро истифода мебурданд, ки дар болояш тасвири парранда, ҳайвон ё ашёи дигаре ҷойгир буд. Бояд гуфт, ки парчамҳои аз матоъ омодашуда аввалин бор дар миёни Чиниён, Ҳиндуҳо, Эрониён ва Румиён мавриди истифода қарор гирифтанд. Минбаъд парчаму парчамдорӣ дар асрҳои миёна дар Аврупо бештар роиҷ мегардад, ки ҳар як хонаводаи шоҳӣ, ашрафзода парчами хосе ба худ интихоб намуда, дар он хусусиятҳои хонаводагӣ ва нишонаҳои авлодиашонро инъикос менамуданд. Дар тӯли тамоми таърих аксари давлатҳои аврупоӣ дар зери парчами шоҳони худ ҷангида буданд.

Ҳоло қадимтарин парчамҳои давлатӣ мавриди истифода,  парчамҳои Дания, ки соли 1219 ва Швейтсария соли 1339 қабул шуда буданд.. Новобаста ба рушди гуногунҷанбаи парчамҳо дар тӯли таърих андешаи парчамро ҳамчун нишонаи давлати соҳибихтиёр ва рамзи як миллат шинохтан танҳо дар асри XIX шакл гирифта буд. Он замон як қатор давлатҳои Амрикои ҷанубӣ бо эъломи соҳибихтиёрӣ парчамҳои давлатии худро қабул карда буданд. Аз ҳамон давра ҳар як кишвару давлати соҳибихтиёр ва дорои истиқлол парчами давлатии хос ва нотакрори худро дорад, ки дар он ба таври рамзӣ тамоми хусусиятҳои таъриху фарҳангӣ хоси он давлат инъикос меёбад.

Таърихи парчамдории мардумони ориённажод, эроннажоди тоҷик низ қадимӣ ва хеле тӯлонӣ мебошад. Ин таърих ҳатто аз давраҳои асотирӣ сарчашма гирифта бо таҳаввулоти гуногун то давраи мо омада расидааст. Диравши Ковиёнӣ ва мавҷудияти он нафақат устурда, балки воқеият буда, дар бораи шаклу муҳтаво бо сангу ҷавоҳироти қиматбаҳо оро додани он аз як сулола ба сулолаи дигар, то Сосониён ҳамчун рамзи ҳокимият интиқол ёфтанаш дар таърихномаҳои гуногун дарҷ ёфтааст.

Бояд гуфт, ки Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар худ ҳамаи марҳилаҳои парчамдории тоҷиконро аз даврони қадимтарин то ба давраи  соҳибистиқлолӣ   паси сар кардааст, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Ин парчам дар баландтарин пояҳо дар пойтахту марказҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагиҳои давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳо ва созмонҳои гуногуни минтақавию байналмиллалӣ, ҳангоми ғолиб омадани варзишгарони ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои варзишию олимпиадаҳои фаннию илмӣ, дар рӯзи таҷлили ҷашнӣ Парчам бошад, дар болои баландтарин ва зеботарин биноҳою ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ ва сайёҳӣ парафшон мегардад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар таърихи 29- октябри соли 2009 дар конфронси илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ , бахшида ба таҷлили 15- умин солгарди  қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдоми наҷибе пешниҳод гардид, санаи 24- ноябр Рӯзи Парчами миллӣ эълон карда шавад ва ҳамасола ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Бигзор, Парчами миллӣ ҳамеша чун ҷузъе аз муқаддасоти миллӣ моро ба сӯи ягонагию ваҳдат сулҳу субот раҳнамо бошад ва дар роҳи пурпечутоби инкишофи ҷаҳони муосир барои дастовардҳои нав дар сари миллати тоҷик  ҳамеша ҷилвагар  бошад.

Валӣ Набизод- котиби маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПарчами миллӣ- ифтихори мост ( Бахшида ба Рӯзи Парчам )
Scroll to Top