Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Аз таърихи парчамдории тоҷикон

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Сарчашмаҳо далолат мекунанд, ки Парчам таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дорад. Нахустин парчамҳо дар Эрони қадим, Чин ва Миср пайдо шудаанд. Он замон парчам аввал вазифаи ишора кардан ба ҷои ҷамъ омадани лашкарро дошта, минбаъд он ифодагари ягонагӣ ва истиқлолият гардидааст. Аз ҳамон айём то ҳол расме ҷорист: гум кардани парчам маънои аз даст додани номус ва ба даст овардани парчами душман шараф ҳисобида мешавад.

Бозёфтҳои бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки куҳантарин ишора дар бораи дирафш  дар ҷомеаи ориёиҳо дар “Авесто” омадааст. Чунонки муҳаққиқон ба хулоса омаданд, Парчам вожаи суғдӣ буда, аз забони суғдӣ ба забони туркӣ ва аз он ба забонҳои форсӣ роҳ ёфт ва бо гузашти замон “дирафш” низ ном гирифт.

Аввалин парчами қадимаи тоҷикон “Дирафши Ковиён” ном дошт, ки онро “Ахтари Ковиён” низ мегуфтаанд ва он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатлории ориёӣ маҳсуб меёфт. “Дирафш” аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан, партав афкандан ва тобидан сохта шудааст ва ба маъно парчам, алам, аломату байрақ омадааст. Вожаи “ахтар” ва “дирафш”-ро дар замонҳои қадим чун “нишон” ва “парчам” ба кор мебурданд.

Таърих бисёр ҳодисаҳоро медонад, ки ҳокимон ва одамони доро ба сари халқи меҳнаткаш ситам мекарданд, куштор ва вайронкориҳо ба вуҷуд меомад. Гурӯҳе ба ғасби замини халқи дигаре даст мебардошт ва аз талаву тороҷ кардани моли мардум ҳаловат мекард. Одамони бечора, аҳли ҳикмат ва илм аз чунин нобакориҳо дар ғазаб мешуданд ва кӯшиш мекарданд, ки адолат ғалаба кунад.

Коваҳо – меҳнаткашон ба ғайр аз андешаи нек дигар фикр надоштанд, онҳо оҳанро коркард карда ҳар гуна олот месохтанд, ба он умеде, ки меҳнати инсон сабук гардад. Аммо қувваҳои заррарасон боз ҳам сари фитнаро боз мекарданду ҷангро мешӯрониданд ва аз он оҳан ба сифати яроқ истифода мекарданду одам мекуштанд.

Ин амалҳо дар замонҳои мо ҳам ба чашм мерасад, ки ҳокимони давлатҳои алоҳида барои манфиати худ аз бадиҳо рӯй наметованд. Қисааи “Кова ва Заҳҳок” ба ҳамагон маълум аст. Коваи оҳангар аз зулми Заҳҳок ба дод меояд . Қувваи бадӣ – Заҳҳок ба халқ зулму асорати зиёд мекунад, косаи сабри мардум лабрез мегардад ва онҳо қиём мекунанд.

Дар сари ин мубориза ба зидди зулм, торикӣ ва бадӣ Коваи оҳангар меистод, ки бо меҳнати софдилонааш умр ба сар мебурд. Ӯ аз бедодии Заҳҳок ва моронаш, аз ҷаллодони одамситонаш ба дод омада, пешбанди касбии худро ба парчам табдил медиҳад ва якҷоя бо тамоми ошӯбгарон Заҳҳокро шикаст дода, дар кӯҳ ба банд мегирад.

Дирафши ковиёнӣ ҳамеша намоди (символи) шаъну шарафи миллати тоҷикон ва парчамбардорон буда, мояи ифтихори сипоҳиёни сарбаланди корзорҳо будааст. Дар бораи нангу номуси парчамдорӣ Абулқосими Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” чунин қиссаеро меорад, ки лоиқи эътибор мебошад: ҳангоми набарди хунин бо туркони Чин родмарди озодае бо номи Гиромӣ мебинад, ки парчамбардор кушта шуд, “Дирафши Ковиён” нагун аст, худро дар як он ба корзор расонида, дирафшро барафрохта, бо як даст шамшеру дигараш дирафш, бо туркон меразмад:

Ба як даст шамшеру дигар дирафш,

Бигирад бад-он ҷо дирафши бунафш.

Душманон ҳамла оварда, дар набарди нобаробар дасти Гиромиро бо шамшер мебуранд. Аммо Гиромӣ бо дандон дирафшро дошта, ба рамзи диловаронашидома медиҳад:

Гиромӣ ба дандон бигирад дирафш,

Бидорад ба дандон дирафши бунафш.

Туркон ба ғазаб омада, аз дур вайро бо тир меафкананд. Ин лаҳзаро родмарди озода, Настӯҳ пури Зарир дида аспашро ба пеш меронад ва шаст тан аз душманони дар гирди дирафш ҷамъ омадаро кушта, дирафшро аз замин бармедорад.

Пас аз барҳамхӯрдани давлатдории хонадони Сомонӣ парчами давлатӣ ба дасти туркон мегузарад. То Инқилоби Октябр онро сулолаи манғитиён нигоҳ медошт. Бо шарофати ғалабаи инқилоби Октябр давлати миллии тоҷикон аз нав дар шакли Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикитон барқарор гардид.  Соли 1922, 1924, 1947, 1953 бо андак тағиротҳо парчами сурхи путку достдор бо навиштаҷоти тоҷикии РСС Тоҷикистон истифода мешуд.

Дар эъломияи соҳибистиқлолии Тоҷикистон 24 августи 1991 бори нахуст зикр гардид, ки рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон, Суруди миллӣ мебошанд. Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчамро рамзи давлатӣ эълон кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони садоқат ба парчами миллиамон ва гиромидошти ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағирот ворид намуда, 20 ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи парчами миллӣ эълон намуданд, ки ин санаи муқаддасро мо ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоем.

Ба ин хотир барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Рӯзи парчами миллӣ дар Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” толори намоишӣ баргузор мегардад, ки тамошобинони хориҷию дохили аз таърихи парчамдории тоҷикон ошноӣ пайдо мекунанд.

 Мутриба Мамадҷонова – мудири шӯъбаи таърихи 

 МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАз таърихи парчамдории тоҷикон
Scroll to Top