Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Чорабинии ҳамоишӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қалъаи таърихии Хуҷанд

User Rating:  / 2
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Таърихи куҳандиёри тоҷикон саршор аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки дар сарнавишти халқи миллати тоҷикон нақши тақдирсоз бозидааст.

Ҳамасола дар ҷумҳурии азизамон ҳамоишҳову ҷашнвораҳо дар робита ба эҳёи бузургони гузаштагони халқамон ва пос нигоҳ доштани арзишҳои миллии халқи тоҷик таҷлил карда мешаванд, ки ин нишонаи олии  арҷгузорӣ ба гузашта, имрӯз ва ояндаи миллати шарафманди тоҷик дар тӯли асрҳо мебошад.

Гарчанде, ки ҳамаи ин чорабиниҳо барои шинохт ва асолати миллат ҷойгоҳи махсуси худро доранд,  “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ин миён ба худ мақоми махсусро касб кардааст. Муайян гардидани рӯзи 16 - ноябр ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” асосҳои ба худ хосро доро мебошад, зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз ва муайянкунанда ояндаи рушди Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатдорӣ оғоз  гардидааст.

Бо назардошти эҳтиром ва фазилати сиёсатмадори ва болоравии обрӯву эътибори мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли азиз дар арсаи ҷаҳонӣ ба фаъолияти босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобастагӣ дорад, ки ҳамасола дар саросари қаламрави кишвари маҳбуб рӯзи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта мешавад.

Ба хотири ин рӯзи муборак, дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, санаи 15 ноябри соли 2024 бо иштироки Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарону мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ, маорифу фарҳанг устодон ва донишҷӯёни донишкадаҳо ва коллеҷи омӯзгорӣ, ҷавонон ва соҳаи варзиш ва сайёҳӣ, гирандагони стипендияҳои Президентӣ ва Раиси вилояти Суғд ва намояндагони васоити ахбор чорабинии тантанавӣ  баргузор гардид.

Дар маҷмуъ, саҳнаи қалъаи таърихиро зиёда аз 20 ҳазор нафар иштирокчиён бо Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  шиору овезаҳо аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   фазои  тозаи идона бахшиданд.

Чорабинии идонаи мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Баъдан, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баромад намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо тамоми мардуми шарафманди кишвари азизамон, таҳти роҳбарии созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу салоҳ ва ваҳдату ягонагӣ, амну осоиштагӣ “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро бо шукуҳу  шаҳомати хоса ҷашн гирифта истодаанд. Дар идомаи сухан гуфта шуд, ки ҳамасола ин санаи муҳими таърихӣ ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи  садоқат ба Прездент- садоқат ба Ватан  таҷлил карда мешавад.

Бале, дар таърихи давлати соҳибихтиёри миллати тоҷик маҳфуми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо шахсияту хизматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон решаи пайванди қавӣ дорад. Аз ин рӯ, дар Рӯзи Президент беихтиёр шахсияти таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои бузург, ки дар роҳи наҷоти давлату миллати халқи тоҷики пароканда  пеши чашм меоянд.

Дар фарҷоми чорабинии мазкур боз як бори дигар бо ин ҷашни фархундасози “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” самимона табрик намуда ба ҳамагон тансиҳативу бахту иқбол, сарбаландӣ дар роҳи созандагиву ободкорӣ, таҳкими амнияти миллӣ баҳри  шукуфоии Тоҷикистони азиз таманно намуданд.

Валӣ Набизод – котиби маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЧорабинии ҳамоишӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қалъаи таърихии Хуҷанд
Scroll to Top