Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Туфанги пилтакамони шикорӣ аз фонди Осорхона

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Истеҳсоли силоҳ ва истифодаи он таърихи қадима дошта, дар тӯли асрҳо такмилу таҳаввул ёфта, бо инкишофи илму техника дар замони муосир ба дараҷаи баланд расидааст.

Яроқсозӣ - яке аз соҳаҳои муҳими ҳунармандии тоҷикон ба шумор рафта, онҳо аллакай ба аслиҳаҳое мисли камонҳои оддию мураккаб, шофу шамшер, гурзу табарзин, сипару ханҷар ва фалахмон гурӯҳбандӣ шуда буданд.

Бо мақсади арҷ гузоштан ба гузаштаи миллат аз манотиқи гуногуни  кишвар дар натиҷаи кофтуковҳои бостоншиносӣ ва аз аҳолӣ аслиҳа ва дигар лавозимотҳои ҷангӣ дар баробари дигар асбобҳои таърихӣ дар осорхонаҳо ҷамъоварӣ ва нигаҳдорӣ мешаванд.

Тибқи китоби воридотии соҳавии фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар маъхази осорхона силоҳ ва яроқҳои гуногун ба монанди: корд, каҷкорд, туфанг, туфанги якмила, туфанги пилтакамони шикорӣ, ханҷар, табарзин ва шамшерҳои гуногун нигоҳ дошта шуда, қисме аз онҳо дар толорҳои намоишӣ гузошта шудаанд.

Яке аз ин намуди яроқ туфанги пилтакамони шикорӣ мебошад, ки таҳти № 1477/3  номнавис шудааст. Туфанги пилтакамонро шикорчиён  дар гузашта аз он истифода мебурданд. Туфанги пилтакамони шикорӣ дар байни мардуми тоҷик дар ниммаи дуввуми асри XIX хеле зиёд ба назар мерасид. Он имкони то масофаи 300м тир паронданро дошт. Масофаи тирпаронӣ аз туфанг ба дарозии мили он вобаста мебошад. Туфанг аз қисмҳои мил, қундоқ, пилтадон, моша, дегчак, дугаза, қаровулак, шашқир, сумба, тасма иборат мебошад.

Гуфтан мумкин аст, ки яроқ ва аслиҳа дар ҳар давру замон моҳияти худро дошта, баёнгари воқеаву ҳодисаҳои таърихӣ ва бозгӯкунандаи санъати баланди миллии ҳунарманди касбии соҳаи махсусгардидаи яроқсозӣ ба ҳисоб меравад.

Тиляева Шахноза – корманди илмии фонди осорхона

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТуфанги пилтакамони шикорӣ аз фонди Осорхона
Scroll to Top