Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Навои дили Ҳоҷӣ Абдулазиз

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳамасола баҳри ғанигардонидании маъхази осорхона аз тарафи кормандони илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, мутобиқи нақшаи пурракунии фонди осорхона маводҳои шахсиятҳои барӯманди таърих ҷамъоварӣ карда мешавад. Бо ин мақсад, дар комиссияи харидории навбатӣ дутори ҳофиз Ҳоҷӣ Абдулазиз аз тарафи санъаткор Нурматов Шарифҷон Муҳаммадҷонович мавриди пешниҳод қарор гирифт.

Ҳоҷӣ Абдулазиз худ соли 1852 дар шаҳри Самарқанд таваллуд ёфтааст. Падари ӯ Абдурасул аз ноҳияи кӯҳистони Қаротегини Тоҷикистон буда, ҳамроҳи додараш Абдулфайз дар айёми ҷавонӣ ба шаҳри Самарқанд кӯчида меоянд. Дар Самарқанд ин ҷавони хоксор, чеҳракушоду меҳнатдӯст бо як косиби солхӯрдаи  маҳаллӣ риштаи дӯстӣ пайдо мекунаду ин касбро ба хуби аз худ менамояд ва бо духтари ин косиб Марям хонадор мешавад.   Зеҳни тоза доштани Абдулазизро падараш дарк намуда сараввал дар синни 6 солаги ба мактаби кӯҳна ба домло месупорад. Қобилияти зеҳнии Абдулазиз домуллоҳоро ба ҳайрат мегузорад  ва онҳо ба падараш маслиҳат медиҳанд, ки ӯро барои идомаи таҳсил ба мадраса супорад.

Дар давоми панҷ соли таҳсил дар мадраса Абдулазиз бо ашъори Умари Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Мирзо Бобур ва шоирони дигар ба хубӣ шинос мегардад. Лек меҳру шавқат ба мусиқӣ дар қалби ин ҳофизи ҷавон аз кучакӣ пайдо шуда буд. Зеро он авлодӣ буда, падараш низ ба санъат майлу рағбати хоса дошт. Аввалин қадамҳои истеъдоди Абдулазиз аз эҷодиёти халқ оғоз ёфта, ӯро аз иҷро намудани оҳангҳои классикӣ то мақомхонӣ оварда расонид. Ва ӯ тамоми ҳаёти худро ба ҳамин соҳа, яъне барои омӯхтани мероси бои фолклории халқамон “Шашмақом” бахшидааст.

Дутор - яке аз созҳои мусиқии халқи тоҷик буда, аз ду тор иборат аст. Дутор аслан аз чӯби тут ва зардолу сохта шуда, гоҳе аз чӯби дарахти чормағз ҳам месозанд. Услуби сохтани дутори мазкур аз дигар созҳои мусиқӣ фарқ дорад. Косаи дутор аз чӯби зардолу, аз тахтачаҳои тунуки нимдоираи ба ҳам ширешкарда сохта шудааст, ки шакли мурӯдро дорад. Роғҳои байни қисмати берунии косаи он наққошӣ гардидааст. Гардани коса нӯги тамоми тахтачаҳо ҳалқасон гардида бо ҳунари садафкорӣ оро дода шудааст. Рӯйи коса бо тахтаи тунуки аз чӯби тут тарошидашуда рӯйпӯш гардида ба гарданаи коса дастаи мусаттаҳи тарафи рӯяш ҳамвор, ки қисми болоӣ барои гӯшакҳо сӯрох ва барои нигоҳ доштани торҳо булбулак (харакча) дорад, часпонда шудааст. 

Дутор  чун сози якканавозӣ ва ансамблӣ садои мулоиму гуворо дошта, тембраш нафису ширадор аст. Дутори мазкур мутобиқи нақшаи дурнамои осорхона дар ояндаи наздик дар толори намоишии “Асбобҳои мусиқии миллӣ” дар тороҳои навбунёди Қалъаи Хуҷанд ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Мамадҷонова Мутриба – мудири шӯъбаи таърихи Осорхонаи таърихи вилояти Суғд

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНавои дили Ҳоҷӣ Абдулазиз
Scroll to Top