Санаи 10 – 11 ноябри соли 2024 баргузории ҳамоиши ҷавонони шаҳри Душанбе, таҳти унвони “Президент – кафили саодат ва ифтихори ҷавонон” ба вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан,Хуҷанд, Гулистон ва Бобоҷон Гафуров баргузор гардид.
Дар идомаи чорабинии ҳамоиши ҷавонони шаҳри Душанбе сайри шомгоҳӣ аз Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.
Ҳайати гурӯҳи ҷавононро намояндаи МИҲД- и вилояти Суғд, Исматзода Бахтиёр – Раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.
Дар даромадгоҳи қалъаи таърихӣ, ки аз яке макони таърихию фарҳангии халқи тоҷикро дарак медиҳад, шахсан Иброҳимҷон Иброҳимов – Омири кулли муассисаи мазкур пешвоз ва хайру мақдам намуд.
Сипас, Саидова Дилором – роҳбалад аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ сайри илмӣ гузаронида, маълумотҳои мушаххас дод. Ҳайати ҷавонон аз толорҳои намоишӣ, ки бо санъати баланди тасвирӣ, нигораву ёдгориҳои қадима, ҳавзаи илмию адабӣ, давраҳои истиқлол чун баёнгари воқеаву рӯйдодҳои гузаштаи халқи тоҷикро инъикос мекунад, ошно гардиданд. Дар идомаи намоиши сайри таърихи ба гуруҳи ҷавонон зикр карда шуд, ки Қалъаи таърихии Хуҷанд басо таърихӣ қадима дошта танҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони қадршиносию арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги бою қадимаи ниёгони мардуми тоҷик азнавсозӣ гардид.
Инчунин, боздид аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ чун мавзеъи ҳунарҳои дастӣ ба монанди қолинбофӣ, дуредгарӣ, кулолгарӣ, бофандагӣ ва амсоли онҳо, ки нишонаи барҷастаи ҳаёти гузаштагонро нишон медиҳад, шинос гардиданд.
Дар фарҷоми боздиди сайри таърихӣ ҳайати ҷавонон аз ибтидои таърих то замони имрӯза аз марҳилаҳои рушди гузариши тамаддуни халқи тоҷик шинос гардида,барои истиқболи самимӣ арзу сипос намуданд.
Валӣ Набизод - котиби маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”