Шомгоҳи дирӯз бо ташаббуси роҳбарияти Муассисаи давлатии “ Мактаб- интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор” – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон, ки беш аз 100 нафар кӯдакони синну солашон гуногун аз Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид намуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар арафаи таътили тирамоҳӣ сайри илмию маърифатӣ аз мавзъеҳои таърихию фарҳангӣ тариқи ройгон, роҳандозӣ гардид.
Дар даромадгоҳи қалъаи таърихӣ Иброҳимҷон Иброҳимов – Омири кулли муассисаи мазкур тарбиятгарони муассисаи мазкурро бо самимият ва меҳрубони хоса пешвоз гирифт.
Тамошои толорҳои намоишии Қалъаи таърихии Хуҷандро роҳбаладони муассиса ба гуруҳҳо тақсим шуда, аз толорҳои таърихӣ сайри илмӣ гузарониданд, ки барои кӯдакон лаҳзаҳои ҷолиб дар ҳаёташон арзёбӣ гардид, дидан намуданд, ки хело хотирмон буд. Кӯдакону наврасон аз мавзеъҳои таърихӣ на танҳо бо ҳайати ҳамроҳон истироҳат балки сайри гашти фароғатӣ анҷом доданд.
Дар доираи силсила намоишҳои таърихӣ ятимони кулл аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ дидан намуданд. Онҳо аз таърихи зисти зиндагонии гузаштагони хеш, урфу одатҳои ниёгон, анъанаҳои ҳунарҳои миллӣ, ёдгориҳои беназири таърихӣ шинос гардиданд.
Воқеан, дасти кӯмак дароз намудан ба ятимону кӯдакони бепарасторон ва гузашта аз ин сила намудани сари ятимон шод гардонидани дили шикастаи онҳо яке аз хислатҳои ҳамидаи мардуми тоҷик маҳсуб меёбад.
Биёед, дунёи рангини кӯдакони азизро бо чашми хирад нигарем, истифода аз имконияти муносиб Иброҳимҷон Иброҳимов – Омири кулли муассисаи мазкур кӯдакони азизу меҳрубонро бори дигар бо суханони нарму ширин хайру мақдам гуфта барояшон дар оянда тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.
Валӣ Набизод- котиби иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”