Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг, омӯзиш, такмил ва тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ инчунин ҳифз, нигоҳдорӣ ва афзун намудани арзишҳои миллӣ ва илмии ҷомеа, бо назардошти гузориши муовини Раиси вилоят Ғаффорӣ Н.А. аз 24 феврали соли 2016, №5/71 қарор мекунам:
1. Санаи 18 майи соли 2016 90-солагии таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд таҷлил карда шавад.
2. Ҳайати кумитаи тадорукот, нақшаи чорабиниҳо ва харҷнома тасдиқ карда шавад.
3. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои гузаронидани 90-солагии таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд тадбирҳои мушаххас андешад.
4. Ба Раёсати фарҳанги вилоят супорида шавад, ки мувофиқи харҷномаи замимагардида маблағгузории саривақтии чорабиниро таъмин намояд.
5. Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят идораи телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои вилоятӣ «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати» бахшида ба 90-солагии таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд маводи ҷолиби диққат таҳия ва дарҷ намоянд.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси вилоят Ғаффорӣ Н.А. гузошта шавад.
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ