Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ташрифи гурӯҳи эҷодии телевизони “НТВ”-и Федератсияи Русия

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Хуҷанди бостонӣ яке аз шаҳрҳои ободтарин ва зеботарини Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таърихи он таваҷҷуҳи бисёр олимону муҳаққиқон, нависандагону санъаткорон, эҷодкорон ва аҳли қалами халқу миллатҳои мухталифро ба худ ҷалб намудааст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар улуми ҷуғрофия ва олимони ҷомеашиносӣ дар бораи маърифати шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд бештар суханони намунавию фарҳангӣ гуфтанд, ки ҷолиби диққат аст. Аз нигоҳи соҳаҳои мухталиф ва донишмандон таърифи онро аксаран аз адолати мизони шинохти ҷамъият, урфу одат, вуҷуди ниҳодҳои маданиятӣ, ки яке аз муҳимтарин шохаҳои фарқкунандаи шаҳр ба шумор  меравад, дида метавонем.

Бале, илова бар ин аз азал мардумаш меҳмоннавоз ва ҳурмату эҳтироми хостаҳои меҳмонро ба ҷо меоварад. Халқи тоҷик яке аз халқиятҳои инсондӯст,бо ору номус, фарҳандӯст, таҳаммулгаро ва меҳмоннавоз дар миёни миллатҳои дигар шуҳратёр гардидааст. Ин хислатҳои ҳамида дар расму оини тоҷикон аз қадимулайём вуҷуд дошт ва бо тариқи анъана то ба имрӯз давом дорад.

Қобили зикр аст , ки ба хотири аз наздик шинос шудан аз таъриху  фарҳанг ва анъанаву суннатҳою урфу одати халқи тоҷик, санаҳои 05 – 09 ноябри соли 2024 бо сафари корӣ, расман Федерико Арнальди - сарварии барандаи барномаи “Равем, бихӯрем” ( Поедем, поедим ) бо ҳайати гурӯҳи эҷодии телевизони “НТВ” – и Федератсияи Русия  барои таҳияи намудани барномаи телевизони ба вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд,  ташриф фармуданд.

Бояд гуфт, ки гуруҳи эҷодии барномаи мазкур, санаи 07 – ноябри соли 2024 аз Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”боздид ба амал оварданд. Ҳайати меҳмонони эҷодкори барномаи мазкурро  Иброҳимҷон Иброҳимов – Омири кулли муассисаи мазкур пешвоз ва хайру мақдам гуфта ба онҳо барору муваффақиятҳо таманно намуд. Гузашта аз ин бунёди азнавсозии Қалъаи таърихии Хуҷанд, толорҳои намоишии он марбут ба воқеаҳои гузашта, ки хидмати ҳунармандони мардумӣ мебошанд, худ низ таърихи начандон дур, вале пуршарафи ниёгонро ифода мекунад, ки донистани он дар шинохти таърих басо арзиши баланд дорад. Ҳамзамон  қалъаи таърихӣ ба як маркази  илмиву фарҳангӣ табдил ёфта, ҳамчун як ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи кишвар ва  барои сокинону сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат менамояд, ки ҳайати эҷодкорон мустақиман аз толорҳои намоишии қалъаи таърихи наворҳои ҷаззоби барномаро таҳия намуданд.

Албатта, гуруҳи эҷодии барномаи мазкур  дар сафарҳои худ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва бо ворисони ҳунарҳои қадимаи халқу миллатҳои гуногун ошноӣ пайдо намуданд ё ки таомҳои миллиро меомӯзанд ва беҳтарин таомҳоро тайёр мекунанд, ки хело лаззати хӯрдани дорад, шояд борҳо аз симои оинаи нилгун дида бошем. Бояд гуфт, ки ҳар як таоми миллӣ маҳсулот, муносибат ба таом дар бораи ҳаёти фарҳангию таърихи қадима доштан, расму оин, маданият, меҳмоннавозӣ ва дигаре фасеҳтар ба худ ҳикоят мекунад.

Ҷолиби диққат аст, ки дар барномаи эҷодии “Равем, бихӯрем”, пухтани таоми миллии тоҷикона аз ҳавлии тоҷири Қалъаи таърихии Хуҷанд, ки макони ҷойгиршавии фарҳанги ниёгони миллати тоҷикро дар бар мегирад ҷой дода шуда, шарти асосии он меҳмоннавозӣ мебошад. Гарчанде доираи меҳмоннавозӣ васеъ аст, мо дар ин барномаи эҷоди кӯшиш ба харҷ додем, ки ба як қисмати он такя намоем, то ки эҷодкорон тавонанд то ба анҷом расидани барнома худро роҳат ҳис кунанд. Ошпази мумтози итолявӣ Федерико Арнольди барои омода намудани таоми миллӣ бо номи “Кабоби ток” – и тоҷикона аз баргҳои токи наврасидаи захиракардашуда бо чанд маҳсулотҳои заруриро истифода бурда дар муддати кӯтоҳ хӯроки болаззат омода намуд.

Мақсади асосии гуруҳи эҷодии барномаи “Равем, бихӯрем” шиносоӣ бо фарҳангу маданияти халқи тоҷик ва муаррифӣ намудан ба ҷаҳониён мебошад. Гурӯҳи ҳайати эҷодии барномаи мазкур аз ташрифи худ хурсанд буда, бо пухтани таоми миллӣ, ки худ бӯйи пайки баҳорро мемонад ва аз қафои оинаи нилгун тасаввур кардан мушкил аст, ки лаззати хушу маънавию руҳӣ бардошт намуданд, ки пас биёед ҳамагон  рафтем “Равем, бихӯрем.”

Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТашрифи гурӯҳи эҷодии телевизони “НТВ”-и Федератсияи Русия
Scroll to Top