Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахномаи давлати соҳибистиқлол ва давлатдории миллии тоҷикон буда, таҷлили 30 - юмин солгарди ин рӯйдоди воқеан таърихӣ ва тақдирсоз боиси сарфарозии ҳар як фарди ҷомеа меёбад.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба ин санади раҳнамунсоз ва баланд бардоштани савияи дониши сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҷумҳурӣ, шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ҳамарӯза баргузор гардида истодааст.
Ҳамасола ҷашн грифтани рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асосиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон мебошад, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила барои ояндаи дурахшони кишварамон заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷтимоиву ҳуқуқӣ фароҳам овардаанд. Конститутсияи Тоҷикистон барои гузариш ба марҳилаи нави рушди ҷомеаи кишвар, бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи кишвар, ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи устувор гузошта, барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат менамояд.
Дар асоси Конститутсия таъмин намудани соҳибихтиёрӣ, истиқлолу озодӣ ва тамомияти арзии кишвар вазифаи асосии давлат буда, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоии давлат ҳамчун меъёрҳои пойдору устувори он эътироф гардидаанд. Дар ин санади бунёдии давлат мақсаду вазифаҳо, асосҳои сохтори давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ба таври возеҳу равшан инъикос шудаанд.
Маҳз дар асоси Конститутсия орому осоишта зиндагонӣ намудану дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои ҷамъиятиву сиёсии мамлакат далели равшани дар ҷомеаи мо таъмин будани ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, фарҳанги баланди сиёсӣ, мавқеи устувори шаҳрвандӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии сокинони кишвар маҳсуб меёбад.
Имрӯз вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мо азон иборат аст, ки ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳои боз ҳам хубтару беҳтар дар самти озодиву соҳибистиқлолии кишварамон боз ҳам кӯшиши бештар ба харҷ диҳем. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Мо вазифадорем, ки бо заҳмати аҳлонаву содиқона, иттиҳоду сарҷамъӣ, риояи меъёрҳои Конститутсия ва муқаррароти қонунҳо, яъне таъмин намудани волоияти қонун зиндагии шоистаи худ ва фарзандонамонро таъмин карда, ба наслҳои ояндаи хақамон як мулки орому осуда ва давлати пешрафтаро ба мерос гузорем”.
Сайфиева Ш – мудири шуъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа