Санаи 05 – ноябри соли 2024 дар доираи ҳошияи сафари корӣ, Евдокимов Валерий Владимирович - сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати гуруҳи намояндагон ба вилояти Суғд,шаҳри Хуҷанд аз Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд. Меҳмононро аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Муяассара Қаҳҳорӣ – муовини раиси шаҳри Хуҷанд ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.
Иброҳимҷон Иброҳимов – Омири кулли муассисаи мазкур меҳмононро ба ҳузур пазируфта, нахуст доир аз навбунёди боҳашамати Қалъаи таърихии Хуҷанд маълумот дод.
Сипас, Мирзоева Иноятхон – роҳбалади муассисаи мазкур аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ бо маводҳои нодир, ёдгориҳои таърихӣ, ашёҳои қадима ва дастнависҳои ниёгон баҳри тамошобин гузошта шудаанд аз наздик шинос намуд. Иттилоъ дода шуд, ки яке аз самтҳои ёдгориҳои таърихӣ аз нав эҳё намудани суннатҳои қадимаи ҳунарҳои мардумӣ бо санъати тасвирию меъморӣ толорҳо оро дода шудаанд, ҷолиби диққати меҳмонон гардид.
Ҷаноби сафири Ҷумҳурии Украина Евдокимов В.В, пас аз намоиши сайри илмӣ, ки он яке аз намунаҳои олии таърихию фарҳангии халқи тоҷик мебошад, дар китоби “Меҳмонони фахрӣ” таассуроти хешро ёддошт намуд.
Сониян, аз ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ, тоҷир, қолинбофӣ, дуредгарӣ гузар намуда аз манзараҳои рангомези табиат, хонаҳои миллӣ, кушку қасрҳо, ки таърихи қадима дошта, яке аз суннатҳои мардуми ориёӣ ба ҳисоб меравад, ошно гардиданд.
Дар фарҷоми боздид меҳмонон аз ин макони таърихию фарҳангии куҳанбунёд, ки маводу ёдгориҳои халқи тоҷик ҷамъоварӣ шудаанд, барои маълумотҳои пурсамари таърихӣ ба роҳбарияти муассисаи мазкур изҳори минатдори баён намуданд.
Валӣ Набизод - котиби маркази иттилооти МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”